Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
30 июли 2020
Ҷаласаи ҳизбӣ ташкилоти ибтидоии «Амонат» дар БДА ҶТ “Амонатбонк”.

img

29–уми июли соли 2020 дар толори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо иштироки Икромӣ С.С. Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Сайфзода Ш.Ҷ. муовини Раис, Сардорони воҳидҳои сохтори Бонк, Ҷурахонзода Ҷумахон муовини раис роҳбари Дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Амонат» маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Раиси ташкилоти ибтидоии «Амонат» - и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Икромӣ С.С. оид ба фаъолияти ташкилот дар нимсолаи якуми соли 2020 ба аъзоёни ҳисоботи мушаххас намуданд.

Оид ба татбиқи Барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ваҳдатгароӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, пешгирии гароиш ба равияҳои номатлуби иҷтимоӣ, оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ бо мақсади пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси сироятии COVID-2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронданд.

Ҳамзамон, қайд намуданд, ки ғамхорӣ дар ҳаққи оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, маъюбону беморону ятимон ва дастгирии онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Қайд намуданд, ки дар пайравии ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дастгирии моддии табақаҳои осебпазири ҷомеаро яке аз ҳадафҳои асосии хеш маҳсуб дониста, таҳти назорати доимии роҳбарияти Бонк қарор медиҳад.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии Мактаб–интернати № 1–и шаҳри Душанберо ба зиммаи худ гирифтааст. Дар маҷмӯъ дар давраи нимсолаи якум аз ҷониби Бонк ба маблағи 250.2 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ ба табақаи осебпазири ҷомеа расонида шудааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо Бонки давлатии амонатгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба теъдоди 22 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 743 ҳазор нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ба 1,6 млн нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 2800 ҳазор нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба аҳолӣ хизматрасонӣ менамоянд.

Ҷурахонзода Ҷумахон муовини раис, роҳбари Дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии “Амонат”–ро баланд арзёбӣ намуда, дар кори ҳамарӯзаи кормандони Бонк ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саъю талош меварзанд, барору комёбиҳо таманно намуданд.


img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 05.08.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк