Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
01 сентябри 2020
Мулоқоти фосилавӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон

img

     Санаи 1-сентябри соли 2020 Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжи Ханделвал мулоқоти фосилавии (онлайн) баргузор намуданд.

     Зимни мулоқот ҷонибҳо бо дарназардошти тағйир ёфтани низоми иқтисоди дар ҷаҳон масъалаҳои рушд додани ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳри пешгирӣ намудани таъсири манфии пайомадҳо ба фаъолияти Амонатбонкро матраҳ намуданд.

       Ҳамчунин, дар рафти мулоқот аз ҷониби намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор саволҳо оид ба таъсири манфии COVID-19 ба фаъолияти бонкӣ, вазъи сармоя ва пардохтпазирӣ, дороиҳо, нақша чорабиниҳо оид ба таҳкими идоракунии хавфҳо, фаъолияти “Корти Миллӣ” дар рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳолати қарздиҳӣ, истифодаи Бюрои қарзӣ ва ғайраҳо пешниҳод гардиданд.   

     Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. ба саволҳои ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷавобҳои мушаххас дода, иброз намуданд, ки Амонатбонк ҳамеша омодааст, ки бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкориҳоро дар самтҳои мухталиф ҷиҳати бартараф намудани пайомадҳои манфӣ ба иқтисодиёт ва пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ густариш диҳад.


img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 11.09.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк