Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
02 сентябри 2020
Саводнокии Молиявии Рақамӣ

img

     Имрӯз ҷиҳати татбиқи Барномаи «Саводнокии рақамии молиявии аҳолӣ» дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳамбастагӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) тренинг-вебинари омўзишӣ дар мавзӯи «Саводнокии рақамии молиявии аҳолӣ» баргузор гардид.

 

     Барномаи «Саводнокии рақамии молиявии аҳолӣ», барои тайёр намудани тренерон равона карда шудааст, ки дар тренинг-вебинари навбати 12 нафар кормандон аз Дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Бонк аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолона иштирок намуданд.

 

     Дар вебинари мазкур иштирокчиён, малака ва маҳорати расонидани иттилоот, тарғиби дурусти хизматрасониҳои муосири бонкиро ба калонсолон, суханварӣ ва дигар нозукиҳои треннериро аз худ намуданд.

 

    Интернет бонкинг, кортҳо, интиқоли босуръати маблағ, хусусиятҳои ҳамёни электронӣ ва қарз мавзӯҳои асосии вебанари мазкур буданд.

 

    Бояд қайд намуд, ки ин вебинар - тренинги дуввумин дар ҳамбастагӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) буда, вебинару тренингҳо дар ин самт идома дорад.


img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 11.09.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк