Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
07 сентябри 2020
Ҷашни 29-солагии Истиқлолият муборак !

img

Ҷашни 29-солагии Истиқлолият муборак !

Сӯбҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва Бонкии Тоҷикистон  ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҷамъомади тантанавӣ бо риояҳои беҳдошти саломатӣ, бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. ҳамаи иштирокчиёнро ба ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Истиқлолият дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда буд, хаст ва хоҳад монд.

Ҳамзамон  қайд карда шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд ва Истиқлолияти давлатиро бо ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Дар идомаи ҷаласа намояндагон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-Ҳикматуллозода Неъматулло, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва Бонкии Тоҷикистон- Назарзода Наргис Ҷурахон, муовини  сардори Идораи кормандони Раёсат - Ситора Раҳмонова, Раиси Шӯрои занони Раёсат Раҳимзода Шаҳло ва Раиси Шӯрои ҷавонони Раёсат Фаррухзода Сарбоз иштирокчиёнро табрик намуда аз гулгулшукуфоии Тоҷикистон, таъриху дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ба иштирокчиёни ҷамъомад сухан гуфта, садоқат ба халқу миллатро қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Инчунин ба ду нафар кормандони Бонк аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти давлатӣ  медали “ Хизмати шоиста “ ба муовини Директори департаменти тараққиёт ва идоракунии хавфҳои Бонкии Раёсат - Одиназода Абдуқаҳҳор ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сардори идораи танзим ва назорати фаъолияти марказҳои  хизматрасонии бонкии Раёсат - Нидозода Додарбек тақдим карда шуд.

Дар фарҷом, аз ҷониби Роҳбарият ба як қатор кормандон барои хизматҳои шоёну пурсамар ва ширкати фаъолонаашон дар корҳои ҷамъиятии Бонк бо Ифтихорнома ва Раҳматнома мукофотонида шуда, ба ғолибони бозии футболи хурд низ мукофот, диплом  ва “ Ҷоми Истиқлол “ супорида шуд.
img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 11.09.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк