Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
24 сентябри 2020
Вохӯрии кормандони Амонатбонк бо намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

img

    Имрўз дар маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки кормандони дастгоҳи маркзӣ ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласа баргузор шуд.

    Дар оғоз Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам гуфта ба иштирокчиёни ҷаласа иброз доштанд, ки ҲХДТ ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, бо Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамояд.

    Баъдан, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷумахон Ҷурахонзода, муовини Раиси Раёсат Фирдавс Ризвонзода, сардори Идораи бехатарӣ Искандар Сатторов, намояндагон аз Шӯроҳои ҷавонон ва занони Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, Беҳрӯз Сатторов ва Дилафрӯз Раҳматова бо шукргузори аз соҳибистиқлолии давлатӣ суханрони карда, қайд намуданд, ки ҲХДТ дар фаъолияти худ зери Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудааст, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари Ҳизб, гувоҳӣ медиҳад.

    Ҳамзамон, тибқи Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар чорабинии мазкур вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, шахсони боэътимод номзад ба мансаби Президентиро барои солҳои 2021-2027 дар чорабинии сиёсии дар пеш истода, ки санаи 11-октябр баргузор мегардад, зери унвони “ Мо ҷонибдори Пешвои миллат”, эътироф намуданд.

    Бояд қайд намуд, ки шурӯъ аз соли 2004 дар Амонатбонк Ташкилоти ибтидоии ҳизби халқи демократии Тоҷикистон “АМОНАТ” фаъолият мекунад.

    Дар охир, Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. шукргузорӣ аз Ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ намуда, ба як қатор кормандоне, ки тоза ба ҲХДТ шомил шуданд дафтарчаи ҳизбӣ супорида, ба аҳли ҷамъомадагон хонаи обод ва садоқат ба халқу миллатро таманно карданд.


img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 28.10.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк