Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
30 сентябри 2020
Мулоқот бо ҳайати Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

img

    Санаи 29-сентябри соли 2020 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба рушд додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

    Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур дар бинои Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" вохӯрии дуҷониба байни Раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" муҳтарам Икромӣ С.С. ва Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирсоатов А.К., баргузор гардид.

    Дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла афзоиши гардиши савдои байни ду кишвар тавассути зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкороне, ки ба воридоти молу маҳсулоти ниёзи мардум машғуланд, ҳамчунин масъалаҳои коҳиши эҳтимолии фоизи қарзҳои байнибонкӣ ва ғайра мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

    Дар баробари ин, бо мақсади ба роҳ мондани амалиётҳои банкнотӣ миёни бонкҳо Раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" ва Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар фазои тантанавӣ Шартнома оид ба шартҳои умумии гузаронидани амалиёти банкнотӣ байни бонкҳоро ба имзо расониданд.

    Дар маҷмӯъ, мулоқот дар рӯҳияи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ сурат гирифта, ҷонибҳо барои ҳалли масъалаҳои марбут ба манфиатҳои тарафайн ва дар густариши фаъолияти соҳа, дастовардҳои навро таманно намуданд.


img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 28.10.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк