Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
30 октябри 2020
Онлайн - Ҷаласаи Шӯрои сарони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ

img

Онлайн - Ҷаласаи Шӯрои сарони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ
  
Санаи 30 октябри соли 2020 бо ташаббуси Корпоратсияи давлатии рушди ВЭБ.РФ ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай тариқи онлайн баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати расмии БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсат – Икромӣ С.С., муовини Раиси Раёсат – Ризвонзода Ф.З., муовини Раиси Раёсат Сайфзода Ш.Ҷ., сардори Идораи муносибатҳои байналхалқӣ – Раҳматзода Б.М. ва иқтисодчии асосии Идораи мазкур – Раҳимов Ш.И. иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раисони бонкҳои аъзо ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расонида шуд:
  
•  Харитаи роҳ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемия барои иқтисодиёти давлатҳои аъзои Созмон;
•  Равишҳои муштарак оид ба масъалаи истифодаи асъори миллӣ дар қаламрави кишварқои аъзои СҲШ;
•  Пайнавишти ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай;

Пас аз ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо дар фазои тантанавӣ масъулияти раисӣ дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Раиси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ.РФ» муҳтарам Шувалов Игор Иванович ба Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом барои солҳои 2020 ва 2021 супорида шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом баромад карда, аз омодагии хеш ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳое, ки дар давраи раисии БДА ҶТ «Амонатбонк» барои солҳои 2020 ва 2021 пешбинӣ гардидаанд, иброз намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи тартиботи кории Созмони ҳамкории Шанхай ар як кишвари аъзо аз рӯи тартиби алифбои русӣ ҳар сол роҳбарии Созмонро ба уҳда дорад, ки дар баробари ин сохторҳои соҳавиаш, аз ҷумла бонкҳо дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай раисӣ менамоянд.
Дар соли 2021, дар баробари роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, БДА ҶТ «Амонатбонк», ҳамчун бонки аъзо, низ дар Иттиҳоди байнибонкӣ раисӣ менамояд. Вобаста ба ин, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои дар пеш истода Бонк нақша-чорабиниҳои дохилиро омода намуда, дар ин самт як қатор корҳоро амалӣ карда истодааст.
img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 30.11.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк