Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 ноябри 2020
Конститутсия- Бахтномаи миллат

img

Имрўз дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба ияфтихори Рўзи Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ ва кормандони Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» иштирок намуданд.

Чорабинии тантанавиро муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. оғоз намуда, таъкид карданд, ки дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.

Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.
Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ ҷавонони фаъоли Бонк оид ба  таърих ва муњтавои моддаҳои ин санади сарнавиштсоз маърўза карда, изҳор доштанд, ки мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони азиз 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои осудагӣ таљлил менамоянд.
Ҳар як сокини кишвар хуб медонад, ки ин шоҳкитоби миллат ҳидоятгари роҳи саодат ва мубаллиғи корњои созандаву ободкорӣ мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба 15 нафар корманди БДА ҶТ “Амонатбонк”  шоҳодатномаи аъзогии ҶХДТ супорида шуд.
img img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 30.11.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк