Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
16 ноябри 2020
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - роҳбар ва роҳнамои давлату миллати тоҷик.

img

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - роҳбар ва роҳнамои давлату миллати тоҷик.  
      
Имрӯз дар толори БДА ҶТ “Амонатбонк” ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З оғоз намуда, таъкид сохтанд, ки рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент  ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан   ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.  Мутобиқи моддаи 1 –и Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Шакли  идораи  Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад». Дар кишварҳои ҷаҳон шаклҳои гуногуни  идораи давлат, назири шакли идораи парламентӣ, президентӣ, омехта- президентӣ- парламентӣ ва монархӣ ё шоҳӣ мавҷуданд. Дар давлатҳои шакли идораи  президентӣ чун қоида  Президент аз ҷониби халқ  интихоб гардида,  сарвари ҳокимияти иҷроия мебошад, шахси мансабдори олӣ маҳсуб ёфта,  дар идораи давлат  нақши асосӣ иљро менамояд.  

Дар робита ба солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ таъкид гардид, ки ин рўйдоди муҳим заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошт. Он оғози ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб рафта, анҷоми беҳокимиятӣ арзёбӣ мегардад.

Дар чорабинӣ ҳамзамон мушовири  раиси Раёсат Икромов Зафар ва ҷавонони фаъоли Бонк дар мавзӯи «Нақши институти президентӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» маърӯза карда, аз ашъори шоирони муосир шеърҳо дар васфи Президент ва Ватан қироат намуданд.
img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 30.11.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк