Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
09 феврали 2021
Натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2020

img

Сӯбҳи имрӯз тибқи нақшаи муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти солонаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2020 бо иштироки доираи васеъи рўзноманигорон аз ВАО-и дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ С.С. Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон Қодириён, муовинони Раис ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк ширкат доштанд.

Дар оғоз Раиси Раёсат Икромӣ С.С. оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар соли сипаригардида ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолияти худро дар соли 2020 дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Самтҳои асосии фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020”, “Самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020” ва “Консепсияи рушди БДА ҶТ “Амонатбонк” барои солҳои 2016-2020” амалӣ намуд.

Гуфта шуд, ки имрўзҳо Амонатбонк ба зиёда аз 22 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 750 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 2900 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ менамояд.  

Ба санаи 31 декабри соли 2020 дороиҳои Бонк маблағи 4,9 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 4,5 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан 19,4% ва 20,9% зиёд мебошад.

           Баъд аз ҳисоботи Раиси Раёсат оид ба фаъолияти солонаи БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ҷониби рўзноманигорон вобаста ба мавқеи БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун бонки давлатӣ миёни бонкҳои дохилӣ, омилҳои зарурӣ барои пешрафти Бонк, паст намудани меъёри фоизи қарзӣ,   қарзҳои имтиёзнок, мӯҳлати қарзҳои истеъмолӣ ба шаҳрвандон бо фоизҳои дастрас, доир ба муввафақиятҳои Бонк, вобасат ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва суолҳо вобаста ба самти фаъолияти соҳа пешниҳод гардиданд, ки аз ҷониби Раиси Раёсат Икромӣ С.С. посухҳои мушаххас гардонида шуд.

    Бояд қайд намуд, ки дар нишасти матбуотии навбатӣ 50 нафар рӯзноманигорон аз ВАО иштирок доштанд. Вобаста ба нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2020 ҳамаи рўзноманигорон бо Варақаҳои иттилоотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) таъмин карда шуданд.

    Дар хотимаи нишаст, Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. аз ҳамаи рўзноманигорон сипосгузорӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамкориҳо миёни васоити ахбори омма ва Бонк омили пешравӣ дар соҳа хоҳад буд, ва мо омодаем бо ВАО ҳамкориро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем.


img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.04.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк