Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 марти 2021
Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон!

img

Дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар ва шоираи ҷавон Махфират Юсуфӣ бахшида ба ҷашни “Рӯзи модар” чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С., занону бонувонро бо ҷашни “Рӯзи модар” табрику таҳният намуда, аз қадру манзалат ва дастгириҳои рузафзуни давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон ёдовар шуданд. 

Роҳбарияти БДА ҶТ “Амонатбонк” иброз доштанд, ки имрӯз дар Амонатбонк дар баробари мардҳо  наздики 1300 нафар занҳо, ки аз он  33  нафарашон дар сатҳи роҳбарикунада мебошанд, фаъолият доранд. Танҳо дар соли 2020  135  нафар ҷавондухтарони соҳибмаълумот тавассути озмун ба кор қабул карда шуданд. 

Кору фаъолият дар низоми бонкдорӣ аз зан-модар пеш аз ҳама одобу муомилаи хубро тақозо мекунад. Зеро, ки зан-модар табиатан меҳрубон аст, вуҷуди ў бо меҳр омехта шудааст. Сар карда аз меҳру муҳаббат нисбат ба фарзанд, ки ҳар кадоме аз онҳо ҷузъи ҷомеа мебошанд. Зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст.

Муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Хидирзода Махфират Умар ва шоираи ҷавон Махфират Юсуфӣ дар рафти суханронии худ аз таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти Олии кишвар нисбат ба занону бонувон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим арзёбӣ гардид.

Иброз шуд, ки мо бонувонро зарур аст, ки минбаъд низ рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш намоем.


img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.04.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк