Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
19 марти 2021
Наврӯз ифодагари фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии мардумони ориёинажод

img

Дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Амонатбонк” ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз  чорабинии идона баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки Роҳбарияти Бонк, шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ ва аҳли кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С., аҳли кормандони Бонкро бо ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда аз аҳамият ва ҷойгоҳи хоси ин ҷашни кӯҳани таърихӣ ёдовар шуданд.
Қайд гардид, ки беш аз шаш ҳазор сол аст, ки шамъи Наврўз ба олами зеҳни миллати мо зиё мебахшад ва ин ҷашн бо фаъолияти созандаи мардум, эҳсоси хештаншиносию ватандорӣ ва ҳаёти маданию фарҳангии миллати куҳанбунёди мо пайванди ногусастанӣ дорад.Таърих гувоҳ аст, ки ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст.

Боиси ифтихор аст, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ  расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарии фарҳанги ҷаҳонӣ дохил карда шуда 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт, яъне Наврӯз расман ҷашни ҷаҳонӣ шуд. Ба иди байналмилалӣ пазируфта шудани Наврўзи оламафрўз таваҷҷуҳи оламиёнро ба асли вуҷуди тоҷикон, ба марзу бум, ба таърих ва забон, ба ҳунар ва ойини миллати мо ҷалб кард.

Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ бо қироати шеърҳои ноби пурмазмун дар васфи Ватан, Наврӯз ва баҳор ба чорабинии идона шаҳомати хосса зам намуда иброз доштанд, ки Наврўзи соли 2021 барои ҳар як сокини кишвар Наврўзи хосса аст, зеро имсол дар Тоҷикистони азиз ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад. Бо итминон метавон гуфт, ки имсол Наврўз оламафрўз аз иқболу истиқлолу ваҳдат мужда медиҳад.

Дар охир аз сулҳу суббот ва осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарф зада шуд ва қайд гардид, ки халқи  сарбаланди тоҷик ҷовидона ҷашни Наврўзро бо фараҳу сурур таҷлил менамояд ва ҳар Наврўз ба кишвари мо саодату иқболи нав эҳдо месозад.
img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.04.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк