Мулоқоти фосилавӣ бо намояндаи Business & Finance Consulting (BFC) Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)
Мулоқоти фосилавӣ бо намояндаи Business & Finance Consulting (BFC) Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)
Санаи 2 апрели соли 2021 Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икроми С.С., бо намояндаи Business & Finance Consulting (BFC) Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Шавкат Абдураймжанов мулоқоти фосилавӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқоти мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ С.С., Директори Департаменти қарздиҳӣ., Директори Департаменти рушд ва омори бонкӣ ва Сардори Идораи муносибатҳои байналхалқӣ иштирок намуданд.
Зимни мусоҳиба масоили рушд додани ҳамкориҳои муштарак дар низоми бонкӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди мибаъда омодагии худро иброз намуданд.