Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
03 апрели 2021
Тренинг дар мавзўи «Баҳодиҳии амволи ғайриманқул»

img

Тренинг дар мавзўи
«Баҳодиҳии амволи ғайриманқул»
  
Ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малака ва касбияти кормандони Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар самти баҳодиҳии амволи ғайриманқул, дар  дар ҷамбастагӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АМФОТ) ва ҷалби мутахассиси соҳа аз санаи 29 марти соли 2021 то 2 апрели соли ҷорӣ, тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар тренинги мазкур кормандон аз Идораи баҳогузорӣ, мониторинг ва фурўши амвол, муовинони мудир аз бахшҳои вилоятӣ ва минтақавӣ инчунин аз филиалҳои ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеи маркази БДА ҶТ «Амонатбонк», иштирок варзиданд.
Тренинги мазкур фарогири мавзуҳо оиди  Стандартҳои баҳодиҳии байналмиллалӣ ва стандарҳои баҳодиҳии ҶТ, Принсипҳои баҳодиҳӣ, моҳияти принсипҳои баҳодиҳӣ, асосҳои математикии баҳодиҳӣ, маълумоти мухтасар дар бораи баҳодиҳии молу мулки манқул ва дастур оид ба баҳодиҳии молу мулки манқул буд.
Баъди хатми тренинги омӯзишӣ аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, Икромӣ С.С., директори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АМФОТ) Фаттидинова З.Б. ва директори ҶДММ Маркази таълимӣ ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон Ибрагимова Г. иштирокчиён бо сертификати  Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АМФОТ) сарфароз гардиданд.
Иштирок намудан дар тренинги соҳавӣ барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Бонк натиҷабахш буда, тасмим аст то дар оянда низ чунин тренингҳо ташкил ва баргузор карда шаванд.
img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.04.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк