Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
03 апрели 2021
Ҷаласаи кории Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо кормандони МХБ ва масъулони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе.

img

Нимаи дуюми рўзи 03.04.2021 дар бинои асосии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷаласаи кории Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо кормандони МХБ ва масъулони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсат оид ба фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод гардид.

Шумораи МХБ-и филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк”дар шаҳри Душанбе ба санаи 31.01.2021с.- 58 адад ташкил медиҳад, ки дар онҳо 158 нафар кормандон ба кор ҷалб гардидааст.

Дар соли гузашта бобати иҷрои саривақтии иҷрои амалиётҳои бонкӣ, бартараф намудани тамбашавии мизоҷон ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ҳамаи марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои шаҳри Душанбе пурра бо компютер ва таҷҳизоти муосири бонки таъмин гардиданд. Инчунин кормандони Марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста дар тренинг ва курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҷораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар доираи ҷаласа натиҷаи нишондиҳандаҳои Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар манитор пешкаши кормандон гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои сардорони идора ва кормандон шунида шуд.

Инчунин роҳбарияти Амонатбонк барои пешравии кор ва ҳавасманд намудани кормандони бонк ба Маркази хизматрасонии бонкии фаъол ва намунавӣ “Раҳматнома” супорида шуд.


img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.04.2021

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк