Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week -2021)

30 апрел 2021

Ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмилалии Global Money Week бо иқдоми Child and Youth Finance International дар тамоми дунё ҳафтаи байналмиллалии молия барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулони молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи ҳафтаи байналмиллалии молия Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” санаи 9-уми апрели соли ҷорӣ дар филиали №08-и шаҳри Норак бо иштироки муҳассилини мактаби миёна, ҷавонон ва муштариёни Бонк чорабинӣ баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии Бонк дар мавзӯҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ, бахусус пасандозҳои муҳлатноки амалкунандаи Амонатбонк, тарзи дурусти истифода намудани барномаи мобилии “Амонат мобайл” ва анҷом додани пардохти ғайринақдӣ тавассути барномаи мазкур, пешниҳоди қарзҳо ва хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Фонди олмонии хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Аваз Ибодов бо маърӯза баромад намуд.

Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз худ кардани маълумоти зарурӣ оиди   хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳавӣ заминаи мусоид мегузорад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк