Иштироки “Амонатбонк” дар намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024”

24 октябр 2024

Санаи 24 уми октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии шаҳри Душанбе “DUSHANBE EXPO CENTRE” намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024” баргузор гардид.

Дар намоишгоҳи мазкур дар баробари ширкату корхонаҳо ва молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ ҳамзамон як қатор ташкилотҳои қарзии кишвар низ маҳсулоти бонкии худро ба маъраз гузоштанд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ дастовардҳои соҳавӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳои хешро ба иштирокдорони намоишгоҳ муаррифӣ намуд.

Ташкил ва багузории намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ватанӣ ва дар ин самт вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба бо шарикони хориҷӣ мусоидати фаъол менамояд.

Намоишгоҳи мазкур аз санаи 24 ум то санаи 26 уми октябри соли ҷорӣ идома ёфта, шаҳрвандони кишвар метавонанд аз он дидан намоянд.     


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк