“Рӯзи саводнокии молиявӣ” дар минтақаи Бохтар
Санаи 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар бинои филиали №42-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар доираи "Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, Nº586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, “Рӯзи саводнокии молиявӣ” доир гардида, маҳсулотҳои бонкии “Амонатбонк” ба намоиш гузошта шуд.
Дари доираи чорабинии мазкур нахуст намоишгоҳи маҳсулоти бонкӣ баргузор гардида, дар он масъулини Бонк ба мизоҷон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ алалхусус маҳсулотҳои қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, “Интернет-банкинг”, пардохти қулайи хизматрасониҳо тавассути барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва ғайра маълумот доданд.
Дар идома мутахассисони идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва департаменти қарздиҳии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Ибодов Нуралӣ ва Сироҷов Шуҳрат бо рӯнамо оид ба тарзу услуби истифодаи “Барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва “Меъёри фоизи қарзҳо” баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ алалхусус барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, маҳсулотҳои қарзӣ бо фоизҳои дастрас, талаботҳо барои гирифтани қарз ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.
Пас аз пешниҳоди рӯнамо миёни иштирокдорони чорабинӣ суолу ҷавоб сурат гирифта, ба хотири ҳававсмандгардонии онҳо аз ҷониби масъулини Бонк ба онҳо туҳфаҳои армуғонӣ тақдим гардид.
Ташкил ва баргузор намудани чунин намуд чорабиниҳои молиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар ин самт таъсири мусбии худро мерасонад.