Роҳбарияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк ” бо нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуданд.
05 декабр 2025
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия, ки ҳамасола санаи 7-уми декабр таҷлил мегардад, аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Салимзода А.А. ва муовини Раиси Раёсат Сафарзода Р.С. барои фаъолияти назаррасу ибратбахш ва саҳми арзанда дар рушду пешрафти кишвари маҳбубамон, алалхусус соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо Нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуданд.













