Семинар бахшида ба натиҷаи фаъолияти гурўҳи мониторинги Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд
Санаи 24-уми июли соли 2024 дар саридораи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои тобеи Бонк бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” семинари омўзишӣ доир гардид.
Ҳуқуқшиноси асосӣ оид ба назорати амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Юсупов Б.Ғ. зимни баромад иттилоъ дод, ки гурўҳи мониторинги Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, оид ба ҳолати иҷрои тавсияву дастурҳои ин созмон ба вазорату идораҳои давлатӣ аз наздик шинос гардиданд.
Мавсуф иброз намуд, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсия яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин созмон ба ҳисоб рафта, ҳамчун яке аз воситаи муҳими рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти давлатҳо ба шумор меравад.
Тавсияҳои СҲИР оид ба санҷиши дуруст ва шаффофи тиҷорат ҷиҳати расонидани ёрии амалию методӣ ба рушди тиҷорату иқтисодиёти давлатҳо дар арсаи байналмиллалӣ басо муҳим аст. Татбиқи ин тавсияҳо ба корхонаву ташкилотҳои кишварҳо имконият медиҳад, ки оқибатҳои ногувор ва ғайричашмдошти фаъолияти онҳо пешгирӣ ё кам карда шуда, он монеа ва мушкилоте, ки дар фаъолияти рўзмарраи онҳо ба миён меояд бартараф карда шаванд, муносибатҳои тиҷоратиро бо дигар давлатҳо равнақу ривоҷ диҳанд ва буҷети кишварҳоро ғанӣ гардонад.
Бояд қайд кард, ки сармоягузории берунаи давлатҳо маҳз аз натиҷаи баҳодиҳии ин созмон вобастагии зич дорад.
Боис ба ёдоварист, ки аз ҷониби гурӯҳи мониторинги Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Лоиҳаи Ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои даври 5-уми мониторинги Нақшаи Истамбулии амалҳо оид ба мубориза бо коррупсия таҳия гардида, барои мувофиқа ба ҷониби Тоқикистон пешниҳод шудааст.
Ҳайати Тоҷикистон ба гурӯҳи мониторингӣ роҳнамо оид ба принсипҳои идоракунии корпоративии муассисаҳои молиявиро, ки аз ҷониби Бонки миллии Точикистон тасдиқ шудааст, пешниход намуда, дар он таъсиси кумитаҳои идоракунии хавфҳо дар назди шӯроҳои нозирони муассисаҳои молиявӣ пешбинӣ шудааст.
Аз чониби хайати Точикистон инчунин Дастурамали №247 Бонки миллии Точикистон оид ба таъсиси низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар муассисаҳои молиявӣ пешниҳод гардид, ки дар он масъулияти шӯрои нозирон дар соҳаи идоракунии хавфҳо (аз ҷумла “хавфҳои комплаенс”), ба таври муфассал шарҳ дода шудаанд.
Гуфта шуд, ки ҳайати Тоҷикистон ба гурўҳи мониторинг дар бораи барномаҳои зиддикоррупсионии КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»” маълумоти дахлдорро додааст, ки ин аз фаъолияти пурсамари ин ташкилоти қарзии молиявии кишвар бо созмони мазкури ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.