Семинари омӯзишӣ дар мавзуи густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ

15 январ 2026

Санаи 14-уми январи соли ҷорӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки муовини якуми раиси раёсати Бонк Худоёрзода Х.Б., устоди факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Давлатшо Маҳмудов ва аҳли кормандони Бонк семинари омӯзишӣ дар мавзуи густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар рафти семинар қайд гардид, ки худшиносию худогоҳии миллӣ чун пояи ҳастии миллат на танҳо омили ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавӣ, балки заминаи таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти иҷтимоию сиёсӣ маҳсуб мешавад.

Имрӯз арзишҳои миллии мо чун меҳвари мутамаркази пешбаранда, оини давлатдории тоҷиконро дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих босабру таҳаммул, ҳусни тадбир, талоши фарҳангӣ, рисолати маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ пуштибонӣ намудаанд.

Аз ин рӯ ҳар як фарди худогоҳу меҳанпарастро зарур аст то ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои ҳазорсолаи таърихию фарҳангӣ, арзишу манфиатҳои миллӣ ва баҳри рушди давлатдорӣ бо як ҳисси баланди ватандустӣ саҳмгузор бошанд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда иштирок ва ҷиҳати дастгирию ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати кишвар арҷгузорӣ намуда, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя ва худро аз тамоми хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони пуртаззод эмин нигоҳ доранд.

 



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк