Вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо намояндагони ҳайати ҶСК «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» ва «Бэлексимгарант»

05 октябр 2021

Дар доираи густариш додани муносибатҳои Бонк бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ санаи 05 октбяри соли 2021 тибқи дархости Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Сардори Идораи тиҷорати байналмилаии ҶСК «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» ҷаноби Швайбович Павел Валеревич ва Сардори Идораи ширкати суғуртавии «Бэлексимгарант» ҷаноби Евгений Воюш мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани муносибатҳои ҳасана барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои содиротии қарзии ҷониби Ҷумҳурии Беларус тариқи бонкҳои Ҷумҳури Тоҷикистон, самтҳои маблағузории савдо баррасӣ намуданд.

Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом қайд намуданд, ки Амонатбонк, омодааст бо Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус дар самтҳои маблағгузории савдо, татбиқ намудани лоиҳаҳои содиротии қарзӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба роҳ мондани ҳамкории пурсамар миёни БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» ва ширкати суғуртавии «Белэксимгарант» омодагии худро иброз намуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк