Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк

Лоиҳаи маош

Лоиҳаи музди меҳнат

БДА ҶТ «Амонатбонк» барои корхонаҳо ва ташкилотҳои сохторашон гуногун, хизматрасонии пардохти музди меҳнатро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ пешниҳод менамояд. 

Лоиҳаи мазкур барои ташкилот чунин имкониятҳо медиҳад:

  • Саривақт ворид намудан ва пардохт кардани маоши кормандон тариқи  Банкомат ва ПОС-терминалҳо;
  • Таъмин намудани махфияти маълумот оиди ҳаҷми маоши кормандон;
  • Кам кардани ҳаҷми хароҷоти корхона ва ҳал намудани масъалаи ҳамлу нақли дороиҳо ва нигоҳдории он;
  • Озод шудан аз мушкилии маблағҳои аз тарафи кормандон гирифта нашуда ва кам намудани хароҷоти хазинавӣ;
  • Баланд бардоштани нуфузи ташкилот аз ҳисоби истифодабарии технологияҳои замонавӣ ва пешқадам;
  • Таъмин намудани хизматрасонии шабонарузӣ тариқи банкоматҳо барои кормандон. Новобаста аз соати кории бонк, кормандон метавонанд маблағҳои дар корти пардохтии бонкӣ доштаи худро гиранд;
  • Аз байн бурдани навбат дар назди хазинаи ташкилот ҳангоми тариқи нақдӣ гирифтани маош дар рузҳои гузаронидани музди меҳнат.


Кормандони ташкилот чунин имконият ба даст меоранд:

  • Гирифтани маоши худ аз хамаи шабакаҳои терминалии Бонк; 
  • Пардохт кардани маҳсулотҳои харидашуда ва хизматрасониҳо бо корти пардохтии бонкӣ дар мағозаҳо тариқи ПОС-терминал;
  • Нест кардани хавфи гум шудани маблағ ҳангоми гум кардани корти пардохтии бонкӣ;
  • Доштани кафолат оиди ҳаҷми даромад;
  • Мувофиқи талаботи корманд сарф намудани маблағи дар корт буда. Беруннависӣ (выписка) бонк, имконияти банақшагирии маблағҳои худро барои корманд дастрас менамояд.
  • Гирифтани маблағи дилхоҳ ҳангоми гузаронидани амалиёт;
  • Новобаста аз ҷои қарордошта имконияти гирифтани маблағҳои худ (сафари хизматӣ, рухасатии меҳнатӣ, рухсатии табобатӣ ва ғ.).

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 20.03.2017