Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк

Қарзҳои байнибонкӣ

Қарзҳои байнибонкӣ аз ҷониби БДА ҶТ «АМОНАТБОНК»

Қарзҳои байнибонкӣ – маблағҳои пулие, ки аз ҷониби Бонк ба ташкилоти қарзӣ барои нигоҳдории пардохтпазирӣ ва ё ҳамчун манбаи қарздиҳӣ ба мӯҳлати муайян бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан дода мешавад.

Қарзи байнибонкӣ барои нигоҳдории пардохтпазирӣ ба мӯҳлати то се моҳ ва барои ҳамчун захираи қарзӣ истифода намудан ба мӯҳлати то 12 моҳ пешниҳод карда мешавад.

Ба сифати таъминнокӣ қоғазҳои қиматноки давлатӣ, амонатҳо бо асъори миллӣ, ҳориҷӣ ва ё дигар воситаҳои асосие, ки аз тарафи ташкилоти қарзӣ пешниҳод мегарданд, қабул карда мешавад. 

Ташкилоти қарзӣ зимни гирифтани қарзи байнибонкӣ бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

  • дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоби муросилотӣ дошта бошад;
  • меъёрҳои иқтисодиеро, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад, дар давоми на камтар аз се моҳи охир иҷро намояд;
  • ба захираҳои ҳатмӣ маблағи аз меъёр кам пардохт накарда бошад, ҷаримапулии носупорида барои вайрон кардани меъёри захираҳои ҳатмӣ надошта бошад;
  • ба қадри кифоя дар ихтиёр доштани амволи таъмини гарав, ки ҷавобгӯи талаботи муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон бошад.

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 20.03.2017