Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
Кортҳо

Кортҳо

Кортҳои пардохтии Амонатбонк

Кортҳои  пардохтии бонкӣ – ин воситаи қулаи нигоҳ доштани маблағ буда, хавфи гум кардан ва дуздидан аз байн бардошта мешавад. Ҳамзамон кортҳои пардохтӣ - сарфаи вақт, хизматрасонии қулай, тахфифҳо ҳангоми харидорӣ ё пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар ташкилотҳои савдо ва хизматрасонӣ мебошад. 

Намудхои кортҳо аз Низоми байналхалқии VISA International. 

Афзалияти кортҳои мо:

  • Бехатарии маблағҳои Шумо.
  • Имконияти шабонарӯзӣ дастрас намудани маблағҳои нақдӣ дар зиёда аз 50 банкомат.
  • Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед.
  • Ҳангоми сафар кардан ба хориҷа зарурияти баёноти маблағҳо вуҷуд надорад.
  • Хабардор шудан аз ҳар як амалиёт бо корти худ тариқи SMS-хабар.
  • Суратҳисоби шуморо наздикону пайвандонатон метавонанд  пур кунанд.

Бонк ба мизоҷони худ кортҳои пластикии локалӣ, Корти миллӣ, VISA Electron, VISA Classic  ва боз ҳам бонуфуз VISA Gold пешниҳод мекунад. 

Кортҳои миллӣ (пардохти миллӣ)-ба ҳамаи хоҳишмандон барои истифода намудан дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин амалӣ шудани лоиҳаҳои маош бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дода мешавад. 

Арзиши корт 20 сомониро ташкил медиҳад.


Афзалияти асосии корти мазкур:

  • Дастрасӣ ба маблаѓ;
  • Бо ҳисоби сомонӣ бароварда мешавад;
  • Муаммои вобаста ба пасту баландшавии асъор ва бақияи корт.


Корти VISA Electron

Кортҳои байналхалқии арзон ба Шумо дар сафарҳо ва ҳаёти ҳамарȳза кȳмак мерасонад. Дар ҳар банкомат ва POS-терминалҳои дигар кишварҳои дунё хизмат расонида мешавад.  Арзиши корт 50 сомониро ташкил медиҳад.

Афзалияти асосии  корт: 

  • Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед хизматрасониро анљом диҳед.
  • Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ.

Корти VISA Classic

Кортҳои пардохтии маъмул барои сафар ба хориҷа пешбинӣ шудааст. Дар ҳама нуқтаҳо хизмат расонида мешавад, ки логотипи низоми пардохтии Visa аст.

Арзиши корт 145 сомониро ташкил медиҳад.

Амонати суѓуртавӣ-500 сомонӣ

Афзалияти асосии  корт: 

  • Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед.
  • Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ.

Корт барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки даромади миёна доранд ва таҷрибаи муомила бо кортҳои бонкӣ доранд

Корти VISA Gold

Корт дорои имконияти васеъи истифодабарӣ буда, ҳолати дорандаи худро ҳамчун шахси сарватманд муаррифӣ мекунад.

Арзиши корт 195 сомониро ташкил медиҳад.

Амонати суѓуртавӣ-2500 сомонӣ

Афзалияти асосии корт: 

Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед.

  • Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ.
  • Тахфифҳои калон ва пешниҳоди фоиданок аз рȳи барномаи байналхалқии «Visa Special Offers».

 VISA Gold барои кӣ  пешбинӣ шудааст?

Барои мизоҷони бонуфуз ҷиҳати нигоҳ доштани обрȳ ва нуфуз.

Лоиҳаи музди меҳнат

БДА ҶТ «Амонатбонк» барои корхонаҳо ва ташкилотҳои сохторашон гуногун, хизматрасонии пардохти музди меҳнатро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи мазкур барои ташкилот чунин имкониятҳо медиҳад:

  • Саривақт ворид намудан ва пардохт кардани маоши кормандон тариқи  Банкомат ва ПОС-терминалҳо;
  • Таъмин намудани махфияти маълумот оиди ҳаҷми маоши кормандон;
  • Кам кардани ҳаҷми хароҷоти корхона ва ҳал намудани масъалаи ҳамлу нақли дороиҳо ва нигоҳдории он;
  • Озод шудан аз мушкилии маблағҳои аз тарафи кормандон гирифта нашуда ва кам намудани хароҷоти хазинавӣ;
  • Баланд бардоштани нуфузи ташкилот аз ҳисоби истифодабарии технологияҳои замонавӣ ва пешқадам;
  • Таъмин намудани хизматрасонии шабонарузӣ тариқи банкоматҳо барои кормандон. Новобаста аз соати кории бонк, кормандон метавонанд маблағҳои дар корти пардохтии бонкӣ доштаи худро гиранд;
  • Аз байн бурдани навбат дар назди хазинаи ташкилот ҳангоми тариқи нақдӣ гирифтани маош дар рузҳои гузаронидани музди меҳнат. 

Кормандони ташкилот чунин имконият ба даст меоранд:

  • Гирифтани маоши худ аз хамаи шабакаҳои терминалии Бонк;
  • Пардохт кардани маҳсулотҳои харидашуда ва хизматрасониҳо бо корти пардохтии бонкӣ дар мағозаҳо тариқи ПОС-терминал;
  • Нест кардани хавфи гум шудани маблағ ҳангоми гум кардани корти пардохтии бонкӣ;
  • Доштани кафолат оиди ҳаҷми даромад;
  • Мувофиқи талаботи корманд сарф намудани маблағи дар корт буда. Беруннависӣ (выписка) бонк, имконияти банақшагирии маблағҳои худро барои корманд дастрас менамояд.
  • Гирифтани маблағи дилхоҳ ҳангоми гузаронидани амалиёт;
  • Новобаста аз ҷои қарордошта имконияти гирифтани маблағҳои худ (сафари хизматӣ, рухасатии меҳнатӣ, рухсатии табобатӣ ва ғ.).

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 21.02.2017