Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк

Инвеститсия

1. Аз ҳисоби Бонки таҷдид ва Рушди Аврупо  

Бо мақсади иҷрои барномаи Ҳукуматии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, барои дарёфти рушди иқтисод ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи ҳарчӣ бештар дастрасии қишри камбизоат дар деҳот ва шаҳрҳо ба хизматрасонии қарзӣ, хусусан қарзҳои хурд Амонатбонк корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. 

Дар ин самт Амонатбонк қарздиҳиро барои соҳибкорони хурду миёна аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ менамояд. 

Аз ҷумла: Қарзҳое, ки аз ҳисоби Бонки таҷдид ва Рушди Аврупо дода мешаванд.

Дар айни замон Амонатбонк бо Бонки Бонки таҷдид ва Рушди Аврупо тибқи созишномаи қарзии Барномаи «куммаки молиявӣ ба хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамкории зич дорад. Маблағҳои дар доираи ин барнома ҷудошуда барои лоиҳаҳои ҳоҷагии қишлоқ (хусусан растанипарварӣ) равона шудаанд.    Қарзҳои аз ҳисоби БТРА додамешуда кӯтоҳмуддат буда, бо сомонӣ дода мешаванд.

Дар айни замон масъалаи баррасии маблағгузории қарзҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддат мавриди баррасӣ қарор дорад.

2. Аз ҳисоби Бонки Исломии Рушд 

Қарзҳое, ки аз ҳисоби Бонки Исломии Рушд дода мешаванд дар асоси куммаки техникӣ ҳамчун грант барои амалӣ намудани лоиҳаҳои қарзҳои хурд дар Тоҷикистон пешниҳод мегарданд. Маблағҳои ҷудошуда барои дарёфти рушди иқтисодӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи ҳарчӣ бештар дастрасии қишри камбизоат дар деҳот ва шаҳрҳо хусусан занон ба хизматрасонии қарздиҳии хурд равона шудааст.

Қарзҳои аз ҳисоби БИР додамешуда асосан барои соҳаҳои фермерии хурд, чорводорӣ, парандапарварӣ, дузандагӣ, тайёр намудани хурока ва коркарди маҳсулотҳои хоҷаги қишлоқ, дуредгарӣ, хиштчинӣ, савдои яклухт ва чакана ва ғайра равона шудаанд.

Талаботи Бонки Исломии Рушд. 
  • 50% аз маблағҳои ҷудошуда ба занон дода шавад.

  • 40% аз маблағҳои ҷудошуда ба хоҷагии қишлоқ дода шавад.

  • Хонаи истиқоматие, ки дар он оила ва фарзандон истиқомат мекунанд, ҳамчун таъминнокии қарз ба гарав гирифта    намешавад.

Қарзҳо бо сомонӣ дода мешаванд.

3. Аз ҳисоби Бонки давлатии Рушди Хитой  

а) бо юани хитоӣ 

Дар нисбат бо дигар институтҳои молиявӣ ҳамкориҳои Амонатбонк бо Бонки давлатии Рушди Хитой хеле хуб ва назарастар аст.

Амонатбонк ҳамкориро аз рӯи маблағгузорӣ дар соҳаи тиҷорат дар асоси бастани шартнома дар бораи азнавгардонии маблағгузории қарзӣ ба роҳ мондааст. Мақсади асосии ҳамкориҳо ин маблағгузориҳои амалиётҳоест, ки зимни хариридорӣ намудани воситаҳои техникӣ аз корхонаҳои Хитой харидорӣ мегарданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин самт алакай 2 хати қарзӣ амалӣ гардид.

Маблағ барои гирифтани қарз -юан.  

б) бо доллари ИМА  

Қарзҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои Хитой бо асъори хориҷӣ дода мешаванд баъди баста шудани созишнома оиди хати қарзӣ дар доираи ҳамкориҳои Созмони Байналмилалии Бонкҳо ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз шуданд. Ин маблағҳо асосан барои рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва дастгирии соҳибкорони хурду миёнаи ҷумҳурӣ равона гардидаанд. Дар айни замон тавассути Амонатбонк 2 хати қарзӣ амалӣ гардидааст ва дар ояндаи наздик хати қарзии сеюм ба тасвиб мерасад.

Маблағ барои гирифтани қарз –доллари ИМА.  

Барои додани қарз ба гурӯҳи қарзгирони ба якдигар алоқаманд аз қарзгирон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:

дархост (ариза) барои гирифтани қарз бо нишон додани маблағ, мӯҳлат ва мақсади истифодаи он; 

  • розигии хаттии ҳамаи аъзоёни гурӯҳ барои гирифтани қарз;

  • маълумотнома аз ҷои истиқомати доимии аъзоён бо нишон додани ҳамаи аъзоёни оилаи онҳо; 

  • маълумотнома аз ҷои кори аъзоёни гурӯҳ бо нишон додани даромади моҳҳонаи онҳо; 

  • нусхаи шиносномаи шахсии аъзоёни гурӯҳ;

  • шартномаи замонатии аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшуда; 

  • дар сурати ба сифати гарав пешниҳод шудани амволи муштарак, гирифтани розигии расмии ҳамаи соҳибони амвол; 

  • нусхаи шаҳодатномаи (ё патент) соҳибкории яке аз аъзоёни гурӯҳ; 

  • гувоҳнома дар бораи доштани рақами мушаххаси андозсупорӣ;

  • нақшаи корӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қобилияти пардохтпазирии қарзгирро тасдиқ менамоянд;  

  • шиносномаи техникӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки асоснокии амволи ба сифати гарав пешниҳодшавандаро тасдиқ менамоянд; 

  • пурсишнома (анкета) аз рӯи намунаи дар Замимаи № 2 овардашуда, ки мувофиқи он қарзгир маълумотҳои асосиро дар бораи худ нишон медиҳад;

  • 1 донаги суратҳои аъзоёни гурӯҳ бо андозаи 3 х 4; 

  • дигар ҳуҷҷатҳое, ки барои додани қарз зарур мебошанд.  

Департаменти қарздиҳӣ

Маслиҳатҳои ҳуқуқшинос зимни гузоштани амволи гарав

Рӯйхати 

ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи моликият ба амволи ба сифати гарав      пешниҳодшуда       

Ҳуқуқи моликият ба амволи ба сифати гарав пешниҳодшуда бо ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ карда мешаванд:

Барои хона– шартномаҳои хариду-фуруш, ҳадя, иваз; шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос тибқи қонун ё васиятнома; шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият; қарори мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар бораи хусусигардонии молумулк; шаҳодатномаи қонунигардонӣ;

Барои ҳавлии истиқоматӣ (бино, иншоот)- сертификати ҳуқуқи истифодаи замин; шартномаҳои хариду-фуруш, ҳадя, иваз; шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос тибқи қонун ё васиятнома; шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият; қарори мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар бораи хусусигардонии молумулк; шаҳодатномаи қонунгардонӣ;

Масоҳатҳои хона дар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи моликият ба амволи ба сифати гарав пешниҳодшуда ва шиносномаи техникӣ бояд мувофиқ бошанд.Масоҳатҳои ҳавлии истиқоматӣ (бино, иншоот) дар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи моликият ба амволи ба сифати гарав пешниҳодшуда, шиносномаи техникӣ ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин бояд мувофиқ бошанд.

Ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи моликият ба амволи ба сифати гарав пешниҳодшуда бояд дар КФББТ аз қайди техникӣ ва мақоми салоҳиятдори давлатӣ аз қайди давлатӣ гузашта бошанд.

Бо ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи моликият ба амволи ба сифати гарав пешниҳодшуда, пешниҳод намудани шиносномаи техникӣ, маълумотномаи КФББТ, маълумотномаи андоз оиди мавҷуд набудани қарздорӣ аз ҳисоби амволи гарав ва ғайра ҳатмӣ аст.

Ордер, шаҳодатномаи бақайдгирӣ ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқи моликият ба амволи гарав маҳсуб намеёбанд. 

Ба сифати гарав танҳо он амволҳое қабул мегарданд, ки таҳти ҳуқуқи моликиятии қарзгир таи ду соли охир қарор доранд.

Ба сифати гарав танҳо амволи ғайриманқул қабул карда мешавад.

Барои баррасии Хадамоти ҳуқуқ инчунин бояд шиносномаи қарзгир, шаҳодатномаи ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ, иқтибос аз феҳрасти ягонаи соҳибкорони инфиродӣ, маълумотномаи ҷои зист пешниҳод карда шаванд.  

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 26.04.2017