Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк

Лоиҳаҳои БИР

Аз ҳисоби Бонки Исломии Рушд

Қарзҳое, ки аз ҳисоби Бонки Исломии Рушд дода мешаванд дар асоси куммаки техникӣ ҳамчун грант барои амалӣ намудани лоиҳаҳои қарзҳои хурд дар Тоҷикистон пешниҳод мегарданд. Маблағҳои ҷудошуда барои дарёфти рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ бо роҳи ҳарчӣ бештар дастрасии қишри камбизоат дар деҳот ва шаҳрҳо хусусан занон ба хизматрасонии қарздиҳии хурд равона шудааст.

Қарзҳои аз ҳисоби БИР додамешуда асосан барои соҳаҳои фермерии хурд, чорводорӣ, парандапарварӣ, дузандагӣ, тайёр намудани хурока ва коркарди маҳсулотҳои хоҷаги қишлоқ, дуредгарӣ, хиштчинӣ, савдои яклухт ва чакана ва ғайра равона шудаанд.

Талаботи Бонки Исломии Рушд:

  • 50% аз маблағҳои ҷудошуда ба занон дода шавад.

  • 40% аз маблағҳои ҷудошуда ба хоҷагии қишлоқ дода шавад.

  • Хонаи истиқоматие, ки дар он оила ва фарзандон истиқомат мекунанд, ҳамчун таъминнокии қарз ба гарав гирифта    намешавад.

Қарзҳо бо сомонӣ дода мешаванд.

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 12.12.2017