Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк

Иқдоми “Кишоварз”

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро, таҳти унвони «Кишоварз» роҳандозӣ намудааст.


Шартҳои қарздиҳӣ ба муштариён: - маблағи қарз – аз 3 то 500 ҳазор сомонӣ ва мутаносибан бо асъори хориҷӣ пешниҳод мешавад; - муҳлати қарз – аз 6 моҳ то 36 моҳ буда, ҳамзамон дар пардохти қарзи асосӣ аз 2 то 6 моҳи давраи аввали гирифтани қарз, имтиёз фароҳам оварда мешавад; - меъёри фоизи солонаи қарз бо пули миллӣ 18 % ва бо асъори хориҷӣ 10 % - меъёри фоизи моҳонаи қарз бо пули миллӣ 1,5 % ва бо асъори хориҷӣ 0,8 % Иқдом то санаи 1 майи соли 2020 амал мекунад.

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 10.04.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк