Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк

Муроҷиатномаи Раис


             Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,

Аз номи Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба кулли мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла мизоҷони Бонк, ки ба Амонатбонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ ҳамчун бонки давлатӣ эътимоди зиёд доранд ва ҳамзамон ба шарикони дохилию хориҷии Бонк, дуруду паёми бепоёни хешро мерасонам.

Амонатбонк таърихи беш аз 130 сола дошта, дар гузашта ва имрӯзу фардо ҳам, вазифаи асосии он татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва хизматрасонии саривақтию босифат ба мизоҷон мебошад.

Имрӯзҳо Амонатбонк бо шабакаи васеи худ, яъне 75 филиал, 546 маркази хизматрасонии бонкӣ ва наздики 3000 нафар кормандон, ҳамчун даста ё нерӯи пурқувват ва ниҳоят ба мардум наздик, ба мизоҷон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодааст. Дар ин раванд, шумораи пасандозгузорони Бонк сол аз сол зиёд шуда, ба 1,6 млн. нафар расидааст. Теъдоди дорандагони кортҳои бонкӣ бошад, дар соли 2018 нисбати соли 2017 ба андозаи 11,7% зиёд гардида, ба 1 миллиону 491 ҳазор нафар расидааст.

Новобаста ба осебпазир гардидани соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар давраи кунунии шиддати буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дар соли 2018 сатҳи пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, ҳама уҳдадориҳои Бонк дар назди мизоҷон, хусусан пардохти фоизҳои пасандозҳо ба аҳолӣ саривақт ва бемамоният иҷро гардиданд.
Афзоиши сармояи Бонк, фаъолияти пурсамар дар самти ҷалби мизоҷон, иштирок дар барномаҳои маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна имкон дод, ки ҳаҷми қарзҳои пешниҳодгардида нисбати соли 2017 2,2 маротиба зиёд гардад. Ҳамкориҳои Бонк бо ташкилотҳои моливии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, идома дошта, то ба имрўз Бонк 64 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст. Бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 79 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст.
Айни замон, Амонатбонк бо Бонки миллии равобити хориҷии Узбекистон ва Узпромстройбонки ин кишвар, лоиҳаи шартномаи ҳамкориро дар доираи хатти қарзӣ дар ҳаҷми 43 млн. доллари ИМА ва дар доираи ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 60 млн. юан ба имзо расонидааст. Корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд. Дар натиҷаи равона намудани маблағҳои қарзии Амонатбонк ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат, дар соли 2018 беш аз 6 ҳазор нафар аҳолии кишвар бо ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд, ки он бевосита ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар мусоидат менамояд. Амонатбонк ҷиҳати боз ҳам бештар гардонидани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ дар самти қарздиҳӣ ҳамеша чораҳои зарурӣ андешида, сиёсати қарзии худро дар соли 2018 таҷдид намуд.
Дар доираи он вобаста ба талаботи имрӯзаи муштариён, Бонк маҳсулотҳои нави қарзиро таҳия ва пешниҳод намуда истодааст, ки дар таркиби ҳар як маҳсулоти таҳияшуда, хусусиятҳои имтиёзнок пешбинӣ шудааст. Ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ ва зиёд намудани маҳсулоти содиротии соҳаи кишоварзӣ, аз ҳисоби ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, пешниҳоди қарзҳои хурди «Судманд» ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии қишлоқ, аз он ҷумла картошкапарварӣ, боғпарварӣ, зироаткорӣ, пахтакорӣ, занбурпарварӣ ва чорводорӣ аз 20 то 23 фоизи солона, ба муҳлати то 3 сол роҳандозӣ шудааст.
Дар иртибот ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёӣии мамлакат, эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҳисоби захираҳои худӣ 2,8 млн. сомонӣ ҷудо намуд. Ин иқдомро Бонк дар давраҳои минбаъда низ, вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, муттасил идома медиҳад. Ҳамзамон бо ин, Бонк бо мақсади дастгирии сатҳи иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ, хусусан кормандони соҳаи буҷетӣ, қарзҳои овердрафтиро тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ба роҳ мондааст, ки истифодабарии он хело қуллайю дастрас мебошад.
Иқдомҳои Амонатбонк дар оянда ҳам, ҷиҳати болоравии эътимоди мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бо роҳи дастрасии бештари маблағҳои қарзӣ ба мизоҷон, рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва умуман саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар идома меёбанд.
Итминон дорем, ки ин иқдомҳо то андозае дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар мусоидат хоҳанд намуд. Амонатбонк бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмўъ бо 7474 адад ташкилоту муассисањои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Имрўзҳо 230 адад маркази хизматрасонии филиалҳои Амонатбонки шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба барномаи “Қабули пардохтҳои ҳатмӣ” пайваст шуда, Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самти амалишавии стратегияи рушди низоми пардохт ва истифодаи васеи кортҳо, 485 адад постерминалҳои худро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.
Бо мақсади таъмини шаффофият дар самти қабул ва интиқоли маблағҳои коммуналӣ ва ҳамзамон огаҳ шудани муштарӣ аз ҳолати қарздорӣ ва пардохти маблағҳо бо ин мақсад, Бонк барномаи “Бархати пардохтҳо”-ро харидорӣ намудааст, ки то имрӯз 338 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст. Бонк ҷиҳати ҷорӣ намудани маҳсулотҳои нави бонкӣ ва дар ин замина боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо, аз 1 марти соли 2018 хизматрасонии интернетбонкингро барои шахсони воқеӣ ҷорӣ намуд, ки он барои амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, аз қабили пардохти андоз, ҳаққи қувваи барқ ва дигар пардохтҳо тавассути шабакаи интернетӣ дар дохили ҷумҳурӣ имконият медиҳад. Ҳамзамон бо ин, Бонк дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули маблағҳои андозро тариқи интернет-эквайринг дар сомонаи Кумитаи андоз ва тавассути сомонаи мағозаи техникии “Волна” лоиҳаи хизматрасонии пардохти фосилавиро ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондааст.

Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти афзоиш додани теъдоди филиалҳои Бонк, бо мақсади боз ҳам дастрас гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ ва нигоҳ доштани мавқеи Бонк ҳамчун бонки давлатӣ дар низоми бонкии кишвар, 11 адад хазинаҳои шабонарӯзӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ таъсис дода шуд, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд. Илова бар ин, 16 адад маркази хизматрасонии бонкӣ дар вилояти Суғд ва дар иртибот ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018, 2 адад маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб, ки сайёҳон бештар ташриф меоранд, ба шафати шоҳроҳҳо кӯчонида шуданд.

Дар ин раванд, Амонатбонк баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти қарзии худро тибқи “Консепсияи рушди БДА ҶТ “Амонатбонк” барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати дастрасии маблағҳои қарзӣ, хусусан дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар идома медиҳад.
Бо вуҷуди идома доштани тамоюлҳои манфии солҳои охир дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” фаъолияти молиявии худро дар соли 2018 бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд. Дар соли 2018 даромади Бонк то андозбандӣ 55,6 млн. сомонӣ ва баъди андозбандӣ 36,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 13,8% зиёд мебошад. Дороиҳои Бонк дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба андозаи 14%, пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 17% ва сармояи умумии Бонк 10% афзудааст. Дар хотима гуфтаниям, ки Бонк минбаъд ҳам фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бомуваффақият татбиқ намудани нақшаҳои стратегӣ, мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ дар заминаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва кам намудани хавфҳои бонкӣ идома медиҳад. Инчунин барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон чораҳои зарурӣ меандешад.
Ман сидқан миннатдории худро ба шарикон ва мизоҷони Бонк барои боварӣ ва дастгириашон иброз намуда, ба идомаи ҳамкориҳои судманд умедворам.

Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”
     Икромӣ Сироҷиддин Салом

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.11.2019