Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
14 январи 2019
Ҷаласаи ҷамъбастии солонаи БДА ҶТ “Амонатбонк” дар толори маҷлисгоҳи бинои БМТ оид ба натиҷаи фаъолияти Бонк дар соли 2018.


Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро хайрамақдам намуданд. Барои иштирок ва баррасии масъалаҳои дар ҷаласа пешбинишуда, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, БМТ, АДСИН ва дигар аъзоёни Раёсати Бонк иштирок намуданд.


Пас аз пазироии меҳмонон Раиси Раёсати Бонк Руҳулло Ҳакимзода вобаста ба фаъолияти Бонк дар соли 2018 ва натиҷаҳои молиявии Бонк маърўза намуданд.

Раиси Раёсат иброз доштанд, ки Амонатбонк фаъолияти худро дар соли 2018 дар асоси дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллҳ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»», «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018», «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нуҳ моҳи соли 2018», «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018» ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, №АП-992, Консепсияи рушди соҳа барои солҳои 2016-2020 ва нақшаи стратегии Бонк барои соли 2018, ба роҳ мондааст.


Татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва стратегияи пешбининамудаи Бонк барои соли 2018 имкон дод, ки дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосии Бонк дар соли ҳисоботӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардидаанд.


Аз ҷониби Раис иброз гардид, ки Амонатбонк бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда, ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани сатҳи пардохтпазирӣ, иҷрои саривақтию бемамонияти уҳдадориҳои худ дар назди муштариён, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва дар маҷмуъ расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок бо мақсади саҳмгузорӣ дар иҷрои нишондиҳандаҳои стратегиву барномаҳои давлатӣ кӯшиши ҳамешагӣ менамояд.


Ин аст, ки ба санаи 31 декабри соли 2018 сатҳи пардохтпазирии Бонк ҳамчун нишондиҳандаи асосии фаъолият муътадил нигоҳ дошта шуда, дар сатҳи 83,3% (меъёр на кам аз 30%) ва ё 3 маротиба зиёд таъмин гардидааст. То ба имрӯз Бонк тамоми уҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон ва шарикони рушди дохилию хориҷӣ сари вақт иҷро намуда истода, дар ин самт ягон мушкилӣ мавҷуд нест.



Дороиҳои Бонк маблағи 4,2 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 3,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2017 ҳаҷми дороиҳо 14,5% ва уҳдадориҳо 14,3% зиёд гардид. Сармояи Бонк бошад, 10% афзоиш ёфта, ба 396,7 млн. сомонӣ баробар шуд.



Даромади умумии соҳа дар соли ҳисоботӣ 518,8 млн. сомонҳ, хароҷоти умумҳ 463,3 млн.сомонҳ, даромади тавозунӣ 55,5 млн. сомонҳ ва даромади соф 36 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 13,2% зиёд мебошад.



Амонатбонк бо мақсади саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардидани Буҷети давлатҳ дар соли ҷорӣ аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 52 млн. сомонҳ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2017 5 млн. сомонҳ ва ё 10,5% зиёд мебошад. Аз ҷумла андоз аз фоида 19,5 млн.сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли 2017 наздики 6 млн.сомонӣ ва ё 44,2% зиёд аст.



Даромадҳои соҳа дар давраи ҳисоботӣ асосан аз ҳисоби даромадҳои фоизҳ- 54%, хизматрасониҳои бонкҳ ба мизоҷон- 22%, аз амалиётҳои хариду фурўши арзи хориҷҳ- 14%, барқароршавии ФПТИ ташаккулдодашуда аз рӯи қарзҳо 9% ба даст омадаанд. Дар муқоиса ба соли 2017 даромади умумии Бонк дар ҳаҷми 100,9 млн. сомонҳ ё 24% зиёд шудааст.



Хароҷоти умумии Бонк дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 17% афзудааст, ки он асосан аз ҳисоби васеъ шудани доираи шабакаҳои Бонк (таъсиси МХБ, нуқтаҳо ва хазинаҳои шабонарӯзӣ) ва инкассатсияи маблағҳо вобаста ба зиёдшавии теъдоди муштариён, инчунин вобаста ба суст гардидани пардохтпазирии муштариён ташаккули ФПТИ аз рӯи қарзҳо мебошад.



Нақшаи даромади софи Амонатбонк дар соли 2018 116% иҷро шудааст. Дар соли ҳисоботҳ даромаднокии дороиҳои Бонк 0,9% ва даромаднокии сармояи он 9,5% -ро ташкил кард.
Дар рафти ҷаласа дигар масъалаҳое вобаста ба самти фаъолият иброз гардидиданд. Ҳамзамон пас аз маърўзаи Раис, аз ҷониби Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ бобати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаашон ва дар сатҳи муайян қарор додани фаъолияти корӣ, саривақтӣ пешниҳод намудани қарзҳои судманд, дуруст ва ҷоннок намудани кор дар самти қарзҳои таъхирафтода, роҳҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳа, боз ҳам қавӣ гардонидани сандуқи қарзии Бонк, зиёд намудани ҷалби сармояи хориҷӣ,самаранок намудани кор дар самти пешгирии хавфҳои бонкӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва ба ин монанд чандин пешниҳоди ҷолибро ба ҳозирин иброз намуданд.


Дар ин радиф муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом андешаҳои худро дар самти ҷоннок намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои Бонкӣ, баланд бардоштани маърифати бонкдорӣ ва муоширати кормандон, сифати сандуқи қарзии бонк, рушди соҳа дар тамоми манотиқи кишвар арзёбӣ намуданд.


Сироҷиддин Икромӣ иброз доштанд, ки эълон шудани солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ин имконияти мусоид барои Амонатбонк аст, зеро дар ин самт дастрасии бештареро маҳз Амонатбонк дар тамоми манотиқи кишвар дорост.


Дар идомаи ҷаласа дигар масъалаҳои марбут ба самти фаъолияти соҳа маврид ба баррасӣ қарор дода шуд.


Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 23.08.2019