Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
12 июни 2019
Имзои созишномаҳои нав бо бонкҳои узви ИББ СҲШ.

img

Санаи 12-уми июни соли ҷорӣ, ҷаласаи 15-уми Созмони Ҳамкори Шанхай кори худро дар Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз намуд. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» узви Иттиҳоди байнибонкии Созмони мазкур буда ҳамасола дар ҷаласаҳои ИББ СҲШ иштирок менамояд. Ҷаласаи 15-уми ИББ СҲШ дар шаҳри Чолпон-Ата-и Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, ки роҳбарони бонкҳои давлатҳои аъзои ин созмонро ба ҳам овард. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо роҳбарии Раиси раёсати Бонк Сироҷиддин Икромӣ дар ин ҷаласа иштирок доранд. Раиси Раёсат худи ҳамин рўз дар нахустин рўзи баргузории ҷаласаи ИББ СҲШ барои ҳозирин дар самти густариши ҳамкориҳо ва тақвият додани ҳамкорҳои молиявӣ маърўза намуданд. Дар ҳошияи сафари мазкур Роҳбарияти Бонк барои густариши ҳамкориҳои молиявӣ бо бонкҳои узви ИББ СҲШ вохўриҳо баргузор намуданд. Дар доираи мулоқотҳои самарабахш Раиси Раёсати Бонк Сироҷиддин Икромӣ ду вохўрии самарнок анҷом доданд. Дар ин вохўриҳо бо Раиси Раёсати ҶСК «Беларусбанк» ҷаноби Виктор Ананич ва Раиси Раёсати РСК БАНК-и Қирғизистон ҷаноби Азизбек Оморкулов созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар вохўрии дуҷониба масоили густариши ҳамкориҳои муштарак миёни Амонатбонк ва ҶСК «Беларусбанк» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар рафти мулоқот баррасӣ гардид, ин кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ миёни бонкҳо ва ҳамзамон табодули таҷрибаи тарафайн, такмили дониши мутахасиисон дар марказҳои таълимии ҶСК «Беларусбанк» ба шумор мерафт. Лозим ба ёдоварист, ки чунин ҳамкориҳо ҷиҳати ҷалби сармоя ва баланд бардоштани дониши мутахассисони соҳа саривақтӣ буда, барои соҳибкорони ватанӣ, низ дар самти воридот ва содирот намудани молу маҳсулот манфиатовар мебошад.
img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.09.2019