Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
12 июни 2019
Ҳамкориҳо дар доираи ИББ СҲШ вусъат меёбанд.

img

Нимаи дуюми ҳамин рўз Раиси раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар якҷоягӣ бо ҳайати кории Бонк дар доираи густариши ҳамкориҳои бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай бо роҳбарияти ҲабибБанк ЛТД (Habib Bank Ltd (HBL) аз Ҷумҳурии Исломии Покистон вохўрӣ анҷом доданд. Дар рафти вохўрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои судмандро баррасӣ намуда, дар доираи вусъат бахшидан ба фаъолияти бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва истифода аз имкониятҳои тарафайнро барасӣ намуданд. Лозим ба зикр аст, ки бонки мазкур соли 1941 таъсис ёфтааст ва дар минтақаи Осиё нуфузи беандоза дошта ҳамзамон дар беш аз 20 давлатҳои чаҳор қитъаи олам намояндагии худро дорад. Бонки мазкур имрўз имтиёзҳои зиёдеро барои муштариёнаш фароҳам оварда дар иқтисодиёти Покистон нахустин бонки сармоягузор маҳсуб меёбад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рафти мулоқоти пурмуҳтаво бо роҳбарияти ин Бонк масъалаҳои муштараки ҳамкориҳо мавриди муҳокима қарор дода шудан. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкориҳои мухталифи иқтисодию молиявӣ дошта, дар заминаи густариши ҳамкориҳо ва кушодани суратҳисобҳо ҷиҳати ҷалби сармояи мустақил ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулотҳои содироти ва воридотӣ, афзоиши гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо меафзояд. Бояд зикр намуд, ки вохўриҳо бо иштироки намояндаҳои кишварҳои аъзои ИББ СҲШ баргузор шуда, бобати густариш ёфтани ҳамкориҳои молиявӣ ва устувор намудани равобити иқтисодии муштарак мусоидат хоҳад кард.
img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.09.2019