Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
18 июни 2019
Вохўрии Раиси Раёсат бо кормандони филиалҳои Бонк дар вилояти Суғд

img

Дар робита ба иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муқтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохўрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар санаи 10-майи соли 2019 иброз гардидаанд, имрўзҳо тибқи нақша-чорабинии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ҷаласаҳои кории Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С. С бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ, масъулини фронт-офис, мудирону сармуҳосибони филиалҳои Бонк дар маҳалҳо баргузор гардида истодаанд. 

Чунин ҷаласа, санаи 16-июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид, ки масъалаҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, риояи қатъии қоидаҳои этикаи корӣ тибқи муқаррароти дастурҳои кории Кодекси ахлоқи корманди БДА ҶТ “Амонатбонк” ва Роҳнамои корманди марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк”, самаранокгардонии фаъолияти МХБ, зиёд намудани сафи занону духтарони соҳибмаълумот дар МХБ ва филиалҳои Амонатбонк, роҳ надодан ба амалҳои номатлуб дар фаъолияти ҳаррўза мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шуда, аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳо оид ба иҷрои саривақтии супоришҳои болозикр, рафъи камбудӣ ва монеаҳои ҷойдошта дар иҷрои фаврии дархости мизоҷони Бонк ба масъулини филиалҳои Бонк супоришҳои қатъӣ дода шуд.

 

Дар ҷаласа қайд гардид,ки имрўзҳо раванди кўчонидани марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо ҷойҳои муносиб барои мизоҷон ва таъминнамоии онҳо бо технологияи муосири корӣ, ҷалби занону духтарони соҳибмаълумот ва самаранокгардонии фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта мусбӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати татбиқи он нақша-чорабиниҳо ба тасвиб расонида шудааст. Зимни вохўрӣ Раиси Раёсат муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ ба 34 нафар кормандон-экспертҳои қарзӣ, ки аз тамоми филиалҳои Амонатбонк дар вилояти Суғдро дар бар мегиранд сертификатҳои курси омӯзиширо тақдим намуда, таъкид доштанд, ки ҳар нафари дорандагони Сертификати экспертҳои     (санҷишгарони) қарзӣ вазифадоранд барои иҷрои саривақтии вазифа ва уҳдадориҳои қарзгир, ки дар шартнома дарҷ мешавад масъулиятшинос буда, манфиати миллиро аз манфиати шахсӣ боло дониста, фаъолияти созандаи худро баҳри пешрафти кор дар соҳа равона намоянд. Дар фарҷоми вохӯрӣ, Раиси Раёсат ба ҳамаи иштирокчиён дастуру супоришҳо дода, иброз доштанд, ки барои саҳмгузор будан дар рушди соҳа кӯшиш ба харҷ диҳанд.



img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.09.2019