Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
18 июни 2019
Вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсат бо Роҳбарияти Бонки миллии Ўзбекистон ва Бонки саноат ва сохтмони Ўзбекистон

img

Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур вохӯриҳои дутарафа бо бонкҳои шарик гузаронида шуда, созишнома оид ба ҷорӣ намудани ҳамкориҳои байнбонкӣ ва шартномаҳо кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ бо ҶСК “РСК Бонк”-и Қирғизистон ва шартномаи кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ бо ҶСК “БСА Беларусбанк” ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин, ҳангоми бозгашт тавассути Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкон фароҳам омад, ки бо Раиси Раёсати Бонки саноат ва сохтмони Ўзбекистон Воидов А.Б. мулоқоти дуҷониба гузаронида, дар ин замина Созишномаи қарзӣ дар ҳаҷмӣ 10,0 млн. долл. ИМА ва Шартнома оид ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ба имзо расонида шуд.

Инчунин, дар рафти сафари мазкур вохӯрии дуҷониба бо Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ўзбекистон Мирсоатов А.К. баргузор гардид, ки дар он тибқи Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 апрели соли 2019, масоили тағйир додани шартҳои Созишнома қарзӣ дар ҳаҷми 33,0 млн. доллари ИМА мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин замина, Созишномаи иловагӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бандҳои Созишномаи қарзӣ омода ва ба имзо расонида шуд.


img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.09.2019