Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
20 июни 2019
Вохўрии Раиси Раёсат бо Корпоратсияи байналмилалии молиявии гурўҳи Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Мушовири байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон хонум Мария Арутюнян

img

Ҳайати мазкурро Раиси Раёсат муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ қабул намуда, атрофи масоили Кӯмаки техникӣ барои таҳкими барномаҳо оид ба рушди бахши молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи механизми ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мулоқот намуданд.

Дар вохўрии дуљониба роҳбарони сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии Бонк низ иштирок намуданд. Сароғоз муҳтарам Раис аз ҳамкориҳои судманд ва дастовардҳои назарраси дуҷониба миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Корпоратсияи байналмилалии молиявии гурўҳи Бонки Ҷаҳонӣ ибрози андеша намуда, аз дастовардҳои Бонк нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳарф заданд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки аз ҷониби кормандони Бонк ва гурўҳи кории «Call center» оид ба қабули муроҷиати шаҳрвандон ва ба таври фаврӣ расонидани кўмак, таъсис дода шудааст.

Дар интиҳои мулоқот, ҷонибҳо аз фаъолияти тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, нақшаҳои муштараки минбаъдаро муҳокима намуда, хостори густариши ҳамкориҳои судманд шуданд.
img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.09.2019