Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
24 июни 2019
Вохўрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Роҳбарият, мудирони филиалҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории БДА ҶТ “Амонатбонк”.

img

Мақсади мулоқоти мазкур баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва дарёфт намудани роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли мушкилоти соҳаҳои зикргардида буд, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ зарур мебошад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, дар маҷмӯъ рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем.
Илова бар ин, қайд намуданд, ки низоми молияву бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон бояд ба афзалиятҳои давлат ва ба манфиати ҷомеа равона шуда, барои бо сармоя таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ҳавасманд гардонидани соҳибкорону тоҷирон ва умуман, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷомеа, ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизмат намояд.
Зимни мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ андешидани чораҳои заруриро дар самти татбиқи самараноки ислоҳот доир ба низоми идоракунии молияи давлатӣ лозим дониста, тавсеа бахшидани риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ низоми идораи молияро зарур донистанд.
Дар баробари ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ қайд намуданд, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои дохиливу берунӣ, инчунин, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани идораи як қатор бонкҳо ва ба таври зарурӣ ба роҳ намондани назорат вазъи умумии низоми бонкӣ дар кишвар буҳронӣ гардид.
Хотирнишон намуданд, ки камбудиҳои мавҷудаи сохторӣ, аз ҷумла зиёд будани хавфҳо дар низоми бонкӣ ва қарзҳои ғайрифаъол, паст будани сатҳи захираҳои софи байналмилалӣ, қобилияти пардохт ва сармояи бонкҳо, сатҳи баланди долларикунонӣ дар иқтисодиёт, лапишҳои асъорӣ, таъмин нагардидани рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии пасти аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ ҳанӯз боқӣ мондаанд.
Дар робита ба ин масъала дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, мудирони филиалҳои Бонк аз миқёси кишвар ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсат ҷаласа баргузор шуд. Дар ин ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нурмаҳмадзода ба ҳозирин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва саривақтӣ иҷро намудани ҳамаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат маърўза намуданд. Дар маърўза бо таъкид ба супоришҳои аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қайдгардида ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба ҳозирин супоришҳои иловагӣ пешниҳод гардид.
Дар рафти ҷаласа  барои баланд бардоштани саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, махсусан, саноатикунонии кишвар зиёд намудани ҳаҷми қарзҳо ба соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус, ба соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда андешидани чораҳои қатъиро лар ин самт талаб намуданд.
Зикр гардид, ки  БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун бонкӣ давлатӣ ва низомсозӣ ҷумҳурӣ бояд дар дастгирии сиёсати давлат пешсаф бошад ва нақши он дар самтҳои зикргардида хеле ҳам муҳим мебошад. Аз ҷониби Раиси БМТ муҳтарам Ҷ.Нурмаҳмадзода ба мудирони филиалҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд
Инчунин, бояд қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои низомӣ бонкӣ омода карда шуда, барои иҷро ба Бонк ирсол карда шуд.
Аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшед Нурмаҳмадзода таъкид гардид, ки  зарур аст камбудиҳои дар фаъолият ҷойдоштаро бартараф намуда, иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии Нақшаи чорабиниро таъмин намоянд.
Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ барои саривақтӣ иҷро намудани супоришҳои зиркгардида ва расидан ба ҳадафҳои манфиатовар ба ҳозирин маърўза пешниҳод гардид.     Раис иброз доштанд, ки Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”  эродҳои асоснок ва дастуру супоришҳои муфиди ба фаъолияти Бонк нигаронидашударо бо як ҳисси масъулият дарк намуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки миллии Тоҷикистонро бовар мекунонад, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
          Бонк кӯшиш менамояд, ки нишондиҳандаҳои молиявиро дар соли ҳисоботӣ босифат ва сари вақт таъмин намуда, барои расидан ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас талош намояд.  

img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.09.2019