Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
25 июни 2019
Вохӯрии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо мудирон ва кормандони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон.

img

Дар кори ҷаласа сарпарастони филиалҳои минтақа, ки бо фармоиши Раиси Раёсат вобаста гардидаанд, ҳамчунин директори Департаменти тараққиёт ва идоракунии хавфҳои бонкӣ ва сардори Идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ иштирок намуда, вобаста ба фаъолияти филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар 5-моҳи сипаригапрдида ва иҷрои дастуру супоришҳои болозикр ба Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳисобот доданд.
  Дар кори ҷаласа, масъалаҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, риояи қатъии қоидаҳои этикаи корӣ, самаранокгардонии фаъолияти МХБ, зиёд намудани сафи занону духтарони соҳибмаълумот дар МХБ ва филиалҳои Амонатбонк, роҳ надодан ба амалҳои номатлуб дар фаъолияти ҳаррӯза мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шуда, аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳо оид ба  иҷрои саривақтии супоришҳо, рафъи камбудӣ ва монеаҳои ҷойдошта дар иҷрои фаврии дархости мизоҷони Бонк ба масъулини филиалҳои Бонк ва сарпарастон  супоришҳои қатъӣ дода шуд. Дар ҷаласа қайд гардид,ки имрӯзҳо раванди кӯчонидани марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо ҷойҳои муносиб барои мизоҷон ва таъминнамоии  онҳо бо технологияи муосири корӣ, ҷалби занону духтарони соҳибмаълумот ва самаранокгардонии фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда, андешидани чораҳои дахлдорро тақозо менамояд. Зикр гардид, ки ҳар нафар корманди бонкро  зарур аст саҳми арзандаи худро барои пешрафти кор дар соҳа гузошта бо дасту дили пок вазифаи хизматии худро анҷом диҳад ва нуфузи бонкро миёни мизоҷон баланд бардорад. Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Раиси Раёсат муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ ба 26 нафар кормандон-экспертҳои қарзӣ, ки аз тамоми филиалҳои Амонатбонк дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлонро дар бар мегиранд сертификатҳои курси омӯзиширо тақдим намуда, таъкид доштанд, ки ҳар нафари дорандагони Сертификати экспертҳои (санҷишгарони) қарзӣ вазифадоранд барои иҷрои саривақтии вазифа ва уҳдадориҳои қарзгир, ки дар шартнома дарҷ мешавад масъулиятшинос буда, манфиати миллиро аз манфиати шахсӣ боло дониста, фаъолияти созандаи худро баҳри пешрафти кор дар соҳа равона намоянд. Дар  хотима  Раис ба иштирокчиён супоришҳо дода, иброз доштанд, ки барои саҳмгузор будан дар рушди соҳа танҳо мењнати софдилона ва садоқат ба Ватан моро метавонад ба ҳадафҳои манфиатовар расонад.
Баргузории чунин ҷаласаҳо санаи 27-июн дар минтақаи Рашт ва 30-июн дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст.
img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.09.2019