Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
28 июни 2019
Ҷаласаи идона ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Бонк

img

Нимаи дуюми рӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Бонк бо иштироки сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласаи идона дар иртибот ба ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони Раиси Раёсат Фирдавс Ризвонзода ва Шаҳло Сайфзода ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ ва ҷашни сартосарии миллӣ таҳният гуфтанд.


 Сипас муовини Раис Фирдавс Ризвонзода ба ҳозирин маърӯза намуда иброз доштанд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва санади тақдирсози он – Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ воқеан дастоварди бузурги таърихӣ дар арсаи сулҳофарии байналмилалист, ки бо ирода, саъю талошҳои хастанопазир ва ҷасорати беҳамтои Ҷаноби Олӣ ба имзо расида, барои сулҳу суботи саросарӣ ва ба ҳаёти осоишта баргаштани мардуми тоҷик ва инчунин ба эътидол омадани фаъолияти тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар шароити мусоид фароҳам овард.


Зикр гардид, ки ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим мардуми Тоҷикистон ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшид ва месазад, ки онро аз лиҳози аҳамияти фавқулодааш бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф гузошт, зеро санади мазкур тақдири ояндаи мамлакатро муайян намуд.


Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва осмони беғубори Ватани ободи худ – Тоҷикистон ва Пешвои миллат бо меҳнати бунёдкорона ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва пайомадҳои неки он эҳтиром гузошта, ба сӯи фардои орому осуда қадамҳои устувор мегузорад.


Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён перомуни дастовардҳои назарраси Тоҷикистон ва арзиши бебаҳои сулҳу Ваҳдати миллӣ андешаҳо гардид.
Дар фароварди ҷаласа Фирдавс Ризвонзода иброз намуданд, ки меҳнати софдилона ва содиқонаи ҳар нафари мо ба халқу миллат ин худ қадр намудани Ваҳдату суботи ин сарзамин аст.


img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 18.11.2019