Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
13 июли 2019
Ҷаласа аз фаъолияти шашмоҳаи Амонатбонк дар нимсолаи якуми соли 2019.

img

Дирӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ҷаласа аз фаъолияти шашмоҳаи Бонк дар нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки Роҳбарияти Бонк, аъзоёни Раёсати Бонк, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва мудирони филиалҳои минтақавию ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.

Дар оғоз, Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ меҳмононро хайрамақдам намуда, барои маърӯза кардан ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ суханро ба муовини Раиси Раёсат Сайфзода Шаҳло доданд. 

Сайфзода Шаҳло сараввал ҳамаи иштирокчиёнро ба ифтихори 22 солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки санаи тақдирсоз ва фаромўшнашаванда аст, самимона табрик гуфта, ба ҳама оромиву осоиш, хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пурфайзро таманно намуда, иброз доштанд, ки Амонатбонк фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2019 дар асоси дастуру супоришҳои паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»», «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019», «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019» ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд» ба роҳ мондааст.

      Татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои гузоштаи Бонк имкон дод, ки дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гарданд.           

         Ин аст, ки ба санаи 30 июни соли 2019 сатҳи пардохтпазирии Бонк ҳамчун нишондиҳандаи асосии фаъолият муътадил нигоҳ дошта шуда, то ба имрӯз Бонк тамоми уҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон ва шарикони рушди дохилию хориҷӣ сари вақт иҷро намуда истодааст.

         Имконияти ба комёбиҳо ноил гаштан, муаррифии шоистаи соҳа дар назди муштариён ва сайёҳон, ки имрўзҳо ба кишвари офтобии мо бештар ташриф оварда истодаанд, ин пеш аз ҳама аз фаъолияти МХБ ва аниқтараш аз сифат, сатҳ ва муомилаву муоширати кормандони МХБ вобастагии зиёд дорад.

Ҷиҳати ислоҳи эродҳои Роҳбари давлат нисбати дар сатҳи зарурӣ набудани этикаи корӣ ва муомилаи дурушти кормандони Бонк бо муштариён, имрўзҳо Амонатбонк бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар самти гузаронидани тадқиқоти “Харидори махфӣ” ҷиҳати муайян намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ба муштариён аз ҷониби кормандони марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ҳамкорӣ намуда истодааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар натиҷаи рейдҳои ногаҳонии муштарак дар ҳамбастагӣ бо Идораҳои дахлдор гузаронидашуда, то имрўз ба 14-нафар кормандон барои риоя накардани талаботҳои амалкунандаи корӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ гардид. Бори дигар таъкид месозем, ки дар ҳолати ба қайд гирифтани ҳолатҳои риоя накардани интизом ва этикаи корӣ, чораҳои то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда мешавад.

Қайд бояд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дар иртибот ба самтҳои афзалиятноки муайяннамудаи Бонк барои соли ҷорӣ, баҳри дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ, 80-адад ё 15%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кўчонида шуданд. Ин раванд идома дорад.

      Дар баробари ин, фаъолияти 11 адад хазинаҳои шабонарўзии дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кўлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзўр карда шуд.      

        Тавре маълум аст, кормандон сармояи зеҳнӣ дар ҳар як соҳа ба ҳисоб мераванд. Маҳз сатҳи касбият, кордонӣ, масъулият, самимият ва содиқ будан метавонад барои субот ва рушди соҳа заминаи устувор гузорад.

Нигаронӣ ва эродҳои Пешвои муаззами миллат дар мулоқоти санаи 10 майи соли ҷорӣ нисбати ҷалб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, бахусус аз ҳисоби занон имрўзҳо масъулияти дучандро аз ҳар яки мову Шумо талаб мекунад.

Дар иртибот ба ин, масъалаи зиёд намудани шумораи кормандон аз ҳисоби занону бонувон ва ҳангоми ба кор қабул намудан афзалият додан ба занону бонувони соҳибтахассус яке аз ҳадафҳои асосии Бонк қарор дода шуда, дар 6 моҳи соли 2019 46 нафар духтарон тавассути озмун ба кор қабул карда шуданд.

Ба ҳолати имрўза дар Амонатбонк 1078 нафар занон фаъолият доранд, ки 39%-и шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, шумораи занон дар МХБ ба 254 нафар расидааст, ки зиёда аз 31%-и шумораи умумии кормандони МХБ-ро ташкил медиҳанд. Новобаста ба ин, ҳоло ҳам натиҷаҳо қонеъкунанда нест. Ин самти фаъолият диққати ҷиддиро талаб менамояд.

Масъулини ин самт вазифадоранд, ки корҳоро дар самти ҷалби занону духтарони соҳибкасб аз дигар бонкҳо ва сохторҳои молияи ҷумҳурӣ, инчунин макотиби олӣ фаъолтар ба роҳ монанд.    

Бояд қайд кард, ки дар Бонк нисбати масъалаи забономўзии кормандон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бонк бо муассисаи хусусии “Маркази забонҳои хориҷӣ” ҳамкориро ба роҳ мондааст ва имрўзҳо 30 нафар кормандон барои бозомўзии забони англисӣ ва 10 нафар барои омўзиши забони русӣ ҷалб карда шудаанд. Мудирони филиалҳои Бонк вазифадор мешаванд, ки нисбати ин масъала дар ҷойҳо чораандешӣ намоянд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани дониши касбӣ ва тахассусии кормандон, дар Бонк семинару машваратҳо баргузор гардиданд, дар он 901 нафар кормандон иштирок намуданд.

Дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии АМФОТ 12 нафар мутахассисони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк ба курси омўзиши малакаҳои тренерӣ (ТОТ) фаро гирифта шуда, дар масъалаи бозомўзии мутахассисони соҳа кўмаки худро расонида истодаанд.

Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо Шабакаи хазинаҳои амонатгузории Олмон, 8 нафар кормандони филиалҳои Бонк савияи дониши тахассусии худро дар доираи барномаи “Ёвари бонк” баланд бардоштанд.

Дар баробари ин, дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Амонатбонк ва Бонки давлатии рушди Хитой, ҳоло 4 нафар мутахассисони Бонк дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Хитой таҳсил намуда истодаанд. Номзадии 3 нафар мутахассисони дигар низ, барои идомаи таҳсил дар ин кишвар пешниҳод шудааст.

           Тавре огаҳ ҳастед, дар иртибот ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2019, №АП-1223 тамоми кормандони Бонк дар қатори кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва БМТ тибқи нақша аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Мудирони филиалҳо ва масъулини ин самт вазифадор мешаванд, ки ҷиҳати гирифтани омодагиҳо ва таъмини иштироки кормандон чораандешӣ намоянд.

Тавре маълум аст, соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ, корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем.

Аз ҷумла, корҳои сохтмонӣ дар 5 бинои ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рӯшон, Ишкошим, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ вусъат дода истодааст. Сохтмони бинои нави дастгоҳи марказии Бонкро тасмим гирифтаем, ки дар арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизу маҳбубамон ба истифода диҳем.

         Ҳамзамон, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа, аз ҷониби Бонк боз як майдончаи нави варзишӣ дар суроғаи кўчаи Мир, назди бинои истиқоматии №1, шаҳраки 72-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар рўзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

       Дар баробари ин, тамоми мудирони филиалҳои Бонк вазифадор мешаванд, ки баҳри дар сатҳи баланд ҷашнгирии ин санаи муҳими таърихӣ, корҳои омодагию созандагӣ ва хуррамгардониро тавассути ташкили ҳашарҳо ҷоннок намуда, дар шанбегиҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои кшвар баргузор мегарданд, фаъолона иштирок намоянд.

       Дар хотима Раиси Раёсат, муҳтарам Икромӣ С.С. ба ҳамаи мудирони филиалҳо ҷиҳати самаранок пеш бурдани фаъолият ва бо натиҷаҳои назарас ноил гардидан дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.


img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.09.2019