Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 июли 2019
Семинар-омӯзиши “Рушди ҳамкориҳои молиявӣ дар доираи Иттиҳоди байнибонкии созмони ҳамкории Шанхай”.

img

       Имрӯз дар иртибот ба ташрифи гурӯҳҳои кории бонкҳои аъзо ва нозири ИББ СҲШ, ҶСК”БСА Белорусбанк”, ҶСК“РСК Банк” Қирғизистон ва Бонки миллӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саннаи 03 то 07 июли соли 2019 ҳузур доштанд.

Вобаста ба натиҷаи сафари кории меҳмонон дар толори “Сомонӣ”–и меҳмонхонаи Хилтон семинар-омӯзиши “Рушди ҳамкориҳои молиявӣ дар доираи Иттиҳоди байнибонкии созмони ҳамкории Шанхай” баргузор гардид.

         Семинарро муовини Раиси Раёсат муҳтарам, Фирдавс Ризвонзода ифтитоҳ намуда, идомаи суханро барои маърӯза намудан тавассути рӯнамоӣ ба ҳайати меҳмонон доданд. Ҳар нафар намояндаи бонкҳои иштирокчии семинар, барои нишододи фаъолияти пурсамари сохторхои худ ба ҳозирин тариқи рӯнамо манзур гардонида шуд.

         Баромадкунадагон дар маърӯзаҳои худ бештар атрофи рушди минбаъдаи иқтисодиёти ҷаҳон, нишондодҳои макроиқтисодӣ, ташаккули бозорҳои нави иқтисодию саноатӣ, тадқиқотҳо оид ба муқоиса намудани рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишварҳои мутараққӣ ва рушдёфта, инчунин мавқеи онҳо дар рушди иқтисодиёт ва роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ суханронӣ намуданд.

         Бояд зикр намуд, ки дар самтҳои афзалиятноки соҳа ин гуна семинарҳо метавонад сахми худро барои такмили таҷрибаи кори дар соҳа зиёд намуда, мавкеи бонкҳои фаъолро дар миёни байнибонкии кишварҳои узви ИБ СХШ гузорад.

         Дар хотима муовини Раиси Раёсат, Фирдавс Ризвонзода таъкид доштанд, ки минбаъд низ ҳамкории байнибонкии бонкҳои аъзо ва нозири ИББ СҲШ, ҶСК”БСА Белорусбанк”, ҶСК“РСК Банк” Қирғизистон ва Бонки миллӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва БДА ҶТ “Амонатбонк” дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, чунин семинарҳои омӯзишӣ зуд-зуд гузаронида шавад.


img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.09.2019