Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
19 июли 2019
Вохӯрии Роҳбарияти БДА ҶТ “Амонатбонк” бо намояндагони Корпоратсияи молиявии байналхалқии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ.

img

Нимаи дуюми рӯз Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. мушовири Корпоратсияи молиявии байналхалқии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Хосе Моррено де Барредаро ба ҳузур пазируфтанд.


Бояд қайд намуд, ки дар вохӯрӣ бо намояндагони Корпоратсияи молиявии байналхалқии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва БДА ҶТ «Амонатбонк» оператори низоми пардохти миллии "Корти миллӣ", ҳамоҳангсозии тарафайн ва шартномаи ҳамкорӣ дар самти муомилоти ғайринақдӣ тавассути постерминалҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. низ таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо дар масоили иқтисодиву иҷтимоӣ бо Корпоратсияи молиявии байналхалқии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон муҳим буда, баррасии Лоиҳаи ҳамкориро дар самти муомилоти ғайринақдӣ ва дастгирӣ намудани шаҳрвандон ва сайёҳонро барои бемамоният анҷом додани амалиётҳои пулӣ бо кортҳояшон дар ҳудуди Тоҷикистон хело осон ва қулай мегардонад.


Ҷонибҳо барои ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар масоили бемамоният анҷом додани амалиётҳо ва истифода намудани постерминалҳои Амонатбонк дар марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ ва меҳмонхонаҳои дар минтақаи ВМКБ, ки айни замон яке аз минтақаҳои туризм ба шумор меравад бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.


Дар фарҷом, ҷонибҳо аз вохӯрӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуданд, ки барои ҳалли ин масъала бояд дар рӯзҳои наздик боз мулоқот анҷом диҳанд. 


img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.10.2019