Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
23 июли 2019
Нишасти матбуотӣ аз фаъолияти нимсолаи БДА ҶТ “Амонатбонк”.

img

Нимаи аввали рўз тибқи тартиби муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ воқеъ дар бинои Маркази Тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2019 бо иштироки васеи рўзноманигорон аз васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар баргузор гардид.

 

Дар нишаст Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ, муовинони Раис ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк ширкат доштанд. Нахуст Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

 

Сипас аз ҷониби рўзноманигорон вобаста ба масъалаҳои саривақт бо пули нақд таъмин намудани банкоматҳо, мавқеи Амонатбонк миёни бонкҳои бонуфузи давлатҳои хориҷи марз, пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ, саривақ пардохт намудани маблағҳои нафақа, қарзҳои батаъхирафтода ва баргардиши ин қарзҳо, муҳлати қарзҳои истеъмолӣ ба шаҳрвандон бо фоизҳои дастрас, маблағҳои ғайринақдии воридшуда тариқи постерминалҳои Бонк дар шаш моҳи соли ҷорӣ, арзиши кортҳои пардохтии бонкӣ, кӯмакпулиҳо ба ниёзмандон дар нимаи аввали сол, ҳаҷми маблағҳои пардохтшуда ба дорандагони саҳмияҳои Сангтуда-1, зиёд намудани марказҳои хизматрасонии бонкии фаъолияти шабонарўзӣ дошта ва ҷалби бештари занон ба кор дар Бонк, суолҳо пешниҳод гардиданд, ки Раиси Раёсат ба ҳамаи суолҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас доданд.

 

Дар иртибот ба ин оиди натиҷаҳои молиявии Бонк дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳамаи рўзноманигорон бо Варақаҳои иттилоотӣ таъмин карда шуданд.


Дар фароварди нишаст, Раиси Раёсат муҳтарам  Икромӣ С.С.  аз ҳамаи рўзноманигорон сипосгузорӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки танҳо ҳамкориҳои ҳасана миёни ВАО ва Бонк омили пешравиҳо дар кор ва рафъи камбудиҳо дар соҳа хоҳад буд.


ПРЕСС-РЕЛИЗ


img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.09.2019