Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
01 июли 2019
Ҷаласаи Раиси Раёсат бо кормандони Амонатбонки минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон.

img

    Дирӯз дар толор маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. бо кормандони Амонатбонки минтақаи ш.Кӯлоб вобаста ба иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 10-майи соли 2019 дар вохўрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар баргузор гардида буд, ҷаласа гузарониданд.


    Дар ҷаласаи мазкур, Раиси Раёсат бештар ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон, қатъӣ риоя намудани қоидаҳои этикаи корӣ, самаранокгардонии фаъолияти соҳа ва зиёд намудани сафи занону духтарони соҳибмаълумот дар МХБ ва филиалҳои Амонатбонкро мавриди муҳокима қарор додаанд.


    Раиси Раёсат зикр намуданд, ки  БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун бонкӣ давлатӣ ва низомсозӣ ҷумҳурӣ бояд, барои дастгирии сиёсати давлат дар иқтисодиёти кишвар пешсаф бошад ва ҳар нафар корманди бонкро  зарур аст, саҳми арзандаи худро барои пешрафти кор дареғ надошта бо дасту дили пок вазифаи хизмати худро анҷом диҳанд. 


    Дар фарҷом, Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. ба 19 нафар кормандон-экспертҳои қарзӣ, ки аз тамоми филиалҳои Амонатбонк дар минтақаи Кӯлоб барои омӯзиш фаро гирифта буданд, сертификатҳои курси экспертҳои қарзӣ, тақдим карда шуд.


img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.09.2019