Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
21 августи 2019
Ифтитоҳи бинои филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

img

20-уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали рақами 41-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро дар ин ноҳия мавриди истифода қарор доданд.


Бинои филали Бонки давлатии амонатгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, беҳтарин шароит барои пешбурди корҳои бонкдориро доро мебошад.


Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 7 утоқи корӣ дорад ва ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи муосир таъмин карда шудааст.Фармоишгари корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буда, пудрачии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситоиш” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Созанда-2012” мебошад.


Хотиррасон бояд шуд, ки барои анҷоми амалиётҳои бонкӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мушкилоти зиёд мавҷуд буд ва бо ифтитоҳи филиали ин бонки давлатӣ дар ноҳия мушкилоти мизоҷони бонкҳо то андозае бартараф карда шуд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушахас доданд ва аз кормандони соҳа талаб намуданд, ки ҳамеша бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд.


Дар филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар маркази ноҳия-шаҳраки Меҳрон аз ҳисоби аҳолии маҳалӣ 12 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шудааст.

 

http://www.president.tj


img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 18.11.2019