Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
24 августи 2019
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк».

img

Тибқи банди 43-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаи варзишӣ воқеъ дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров, назди биноҳои истиқоматии 6, 6/1 ва 6/2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки бо замимаи №2-и фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2018, №98-ф тасдиқ шудааст.

Дар иртибот ба иҷроиши саривақтии фармони мазкур Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ин майдончаи варзиширо дар кўтоҳтарин муддат сохта ба истифодаи сокинони биноҳои дар боло зикршуда супорид. 

Қобили зикр аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ин мақсад, дар Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ озмуни тендерӣ гузаронид ва дар он ҶДММ «Бунёдкор С» тибқи Протоколи тендерӣ аз 13.03.2019, №418768 бо маблаги 1315160 сомонӣ оиди сохтмони майдончаи варзишӣ воқеъ дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров, назди биноҳои истиқоматии 6, 6/1 ва 6/2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе голиби озмун дониста шуд. 

Лозим ба зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тибқи лоиҳаи тасдиқгардида сохта ба итмом расонида шуд. Масоҳати умумии майдончаи варзишии мазкур дар маҷмўъ тибқи санад 3820,0м2 ташкил медиҳад, ки аз он 540 м2 -масоҳати майдончаи варзишии универсалӣ бо роҳравҳо, 869,0м2-масоҳати роҳрави зерихокӣ, 664,0м2-масоҳати пиёдаравҳо, 1047,0 м2 -масоҳати сабзазорҳо ва 700 м2 -масоҳати роҳравҳои мавҷудбударо дар бар мегирад.  Корҳои сохтмонӣ дар масоҳати 3820,0м2 дар ҳаҷми 100% аз тарафи пудратчӣ иҷро карда шудааст. Аз ҷониби пудратчии сохтмон ва саривақти пешниҳод намудани маблагҳои дар боло зикршуда аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» майдончаи варзишӣ дар муддати 4 моҳ пурра сохтмонаш ба анҷом расонида шуд.

Корҳои иловагӣ, аз қабили ҳамворкунии бетонии роҳравҳо дар масоҳати 158м2, бетонпуш кардани назди биноҳо дар масоҳати 37м2, сабзазоркунӣ дар масоҳати 77м2 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Бунёдкор С» пурра ба анҷом расонида шуданд. 

Ҳамзамон барои сифати хуби майдончаи варзишӣ тибқи лоиҳаи тасдиқгардида, резинаи фарши майдончаи варзишӣ аз тарафи ҶДММ «Ваҳдат ЛТД» ба анҷом расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» дар муддати се сол чаҳор майдончаи варзишӣ ва майдончаҳои истироҳатиро дар назди биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода дод.

Роҳбарияти Бонк тасмим гирифтааст барои саҳмгузор будан ба ободкорию созандагиҳои дар ҷумҳурӣ ва Пойтахти кишвар ҳамеша пешсаф буда ҳиссаи арзандаи худро гузорад.


img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 12.11.2019