Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
06 сентябри 2019
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолият дар БДА ҶТ” Амонатбонк”.

img

Имрӯз дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.

Сараввал Раиси Раёсат Икромӣ С.С. ҳамаи иштирокчиёнро ба ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон санаи фаромӯшнашаванда мебошад.

Роҳбарияти Бонк иброз доштанд, ки дар замони пуртазод ва зудтағйирёбандаи муосир нақши истиқлолият ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳамияти хоса касб кардааст. Зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар мебошад.

Мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд ва Истиқлолияти кишварро бо ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Дар идомаи ҷаласа сардори Идораи бехатари ва кор бо қарзҳои мушкилситони Раёсат, Искандар Сатторов аз таъриху дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ба иштирокчиёни ҷамъомад сухан гуфта, садоқат ба халқу миллатро қарзи шаҳрвандии ҳар як корманди Бонк арзёбӣ намуд.

Дар хотима, аз ҷониби Раиси Раёсат як қатор кормандон барои хизматҳои шоёну пурсамар ва ширкати фаъолонаашон дар корҳои ҷамъиятии бонк, бахшида ба таҷлили ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Раҳматнома мукофотонида шуданд.


img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 12.11.2019