Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
20 сентябри 2019
Машваратҳои омўзишӣдар филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк”.

img

Дар доираи иҷрои бандҳои “Самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк» дар соли 2019” дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои Бонк дар самти азхуднамоии навгониҳои бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва санадҳои кории дохилисоҳавӣ бо ҷалби сарпарастон- роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, машваратҳои омўзишӣ гузаронида шуда истодаанд.

Аснои сафарҳои корӣ, сарпарастони филиалҳои Бонк бо назардошти вазъи иҷрои амалиётҳои бонкӣ, сифати сандуқи қарзӣ, теъдоди муштариён, дараҷаи саҳмгузорӣдар бозори байнибонкӣ, фароҳамоварии шароитҳои мусоид барои мизоҷон ва кормандон ва ғайра масоили истеҳсолӣ рунамоӣ (презентатсия) омода намуда, бо кормандони МХБ, масъулини филиалҳо, кормандони хазинаҳои хизматрасон дарсҳои омўзишӣ баргузор менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки мудирони филиалҳо низ дар ин самт фаъолияти худро ҷоннок намуда, бо таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти филиал, камбудиву монеаҳо ва муввафақиятҳои бадастомада тавассути презентатсия бо кормандон масъалаҳоро баррасӣ менамоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири филиали №76-и Амонатбонк дар ноҳияи Рашт, Мирзобек Додаров бо таҳлили амиқи паҳлуҳои фаъолият, роҳҳои ҷоннокнамоии кор дар самтҳои мухталиф тариқи пешниҳоди рунамоӣ (презентатсия) бо кормандон ҷамъбасти фаъолияти 8-моҳа ва роҳҳои иҷрои нақшаҳои истеҳсолиро то охири сол мавриди муҳокима қарор дод, ки ҷоринамоии ин тарзи корбарӣ қобили қабул ҳисобида шуда, иштироки ҳар як кормандро дар идоракунии корпоративӣ бешубҳа фаъол мегардонад.

Дар хотима, иштирокчиён фикру ақидаи худро баҳри пешрафти кор дарҷ намуда, роҳҳои бартарафсозии монеаҳои ҷойдоштаро бо диди нав пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки барои дар сатҳи зарурӣ қарор додани хизматрасониҳои бонкӣ, саҳмгузор хоҳем буд.


img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.10.2019