Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
28 сентябри 2019
Иштироки фаъолонаи бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” дар Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо".

img

Дирӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Майдони 800-солагии Москваи пойтахти мамлакат даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо" доир гардид, ки дар ин фестивал 30-нафар бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” бо либосҳои ягонаи корӣ, иштирок намуданд. 


Сараввал муовини Раиси шаҳри Душанбе, Мавсума Муинӣ ҳамаи иштирокчиёни фестивалро хайрамақдам намуда, иброз доштанд, ки Фестивали "Ҷилваи рангҳо" ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон ва мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбути Раиси шаҳри Душанбе созмон дода шудааст.


Фестивали "Ҷилваи рангҳо" дар  8 (ҳашт) бахш, аз ҷумла либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон, либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ, либосҳои рӯзмараи ҷавондухтарон, бонувон ва модарон, либосҳо барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ (протоколӣ), либосҳои фароғатӣ ва либосҳо барои хона ва корхона созмон дода шуд.


Бояд, қайд намуд, ки фестивали мазкур либоси миллӣ ва муосир ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги либос ташкил гардида, ҳунари волои халқи тоҷикро дар дӯхти либосҳои миллӣ таҷассум месозад.


Хотимаи Фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ ва "Сипоснома"-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.



img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.10.2019