Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 октябри 2019
Таҷлили "Рӯзи забони давлатӣ" дар БДА ҶТ «Амонатбонк».

img

Дирӯз дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки Раиси Раёсат Икромӣ С.С., дорандаи мукофоти Давлатии ба номи Рӯдакӣ, шоир ва нависандаи Тоҷикистон Камол Насрулло, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Аълочии матбуот, Ҳунарманди шоиста ва мардумии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказии Бонк бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.


Ҷаласаро Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ доштани он мебошад ва муҳимтар аз ҳама, рамзи истиқлолияти давлатии мо ба ҳисоб меравад.


Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар 5 октябр, ҳамчун "Рӯзи забони давлатӣ" ҷашн гирифта мешавад.


Дар идомаи ҷаласа, меҳмонон Устод Камол Насрулло ва Ортиқ Қодир аз таърихи бою ғании забони тоҷикӣ ва ҳифз намудану гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон аз ҷумла фарҳанги миллӣ, , ки ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд ёдовар шуда ба иштирокчиён аз ашъорҳои пандомез ва саршор аз меҳру муҳаббати меҳанпарастӣ буд, порчаҳои шеър қироат намуданд.


Дар фарҷом, Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. иброз доштанд, ки сарчашма ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги миллат машъал мегирад ва инро мо бояд шиори ҳамарӯзаи худ қарор бидиҳем.


img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.10.2019