Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
11 октябри 2019
Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» озмуни «Бозёфти таърихи»-ро барои осорхонаи бонк эълон менамоянд.

img

Мизоҷон ва ҳамкорони азиз, агар Шумо дар хона ва хазинаи худ пулҳои коғазӣ, тангаҳо, вомбаргҳо, векселҳо, картатекаи нафақагирон, расидҳо, дафтарчаҳои амонатӣ ва нафақавӣ, сейфҳои кўҳна дошта бошед, метавонед онро ба осорхонаи «Амонатбонк» оварда саҳми худро дар маҳфуз нигоҳ доштани таърихи бонки давлатӣ гузоред.


Саҳмгузорандагонро мукофотпулӣ интизор аст.


Суроға барои қабули ашёҳои номбаршуда: ш.Душанбе, кўчаи Лоҳутӣ 24. Хадамоти матбуот ва реклама, телефонҳо барои маълумот: +992 44 600 00 34 ё рақами кӯтоҳи 1885.

                     «Амонатбонк» бонки мардумии Тоҷикистон.


Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.11.2019